Эълонхо: Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Кишвар:Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа:Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ
Бахш:Маориф
Хизматрасониҳои машаваратчии инфиродӣ:Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ
Навъи маблағгузорӣ:Қарзи Бонки Исломии Рушд
Рақами лоиҳа:TJK1048

Бонки Исломии Рушд маблағгузориро ба маблағи 13,95 миллион доллари ИМА барои Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ тасдиқ намудааст ва азм дорад қисме аз ин маблағро барои пардохтҳои қобили қабул тибқи шартномаи хизматрасонии мушовир – мушовири инфиродӣ истифода намояд, ки вобаста ба он дархости мазкур барои изҳори ҳавасмандӣ нашр гардидааст.

Ҳадафи лоиҳа – беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи мазкур тавассути муосиргардонии инфрасохтори муассисаи мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ ва таҳким бахшидани иқтидори он барои анҷом додани нақши марказ (ҳаб) дар самти таҳсилоти соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар минтақа амалӣ мегардад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.

Хизматрасониҳо аз дастгирии пурраи Гурӯҳи идоракунии лоиҳа (PMU) / Агентии иҷроия (EA) дар таъсиси низоми самарабахши мониторинг ва арзёбӣ, таҳияи ҳисоботҳои мунтазам оид ба пешрафти мониторинг ва арзёбӣ ва ғайраҳо иборат мебошанд.

Давомнокии тахминии кор 60 (шаст) моҳро ташкил медиҳад. Санаи пешбинишудаи оғози супориш марти соли 2026 мебошад.

Тафсилоти пурраи вазифаҳои техникӣ (ToR) барои супориши мазкур дар истиноди зерин: https://iutet.tj/мутахассис-оид-ба-мониторинг-ва-арзёб/ дастрас буда, инчунин онҳоро аз рӯйи суроғаи дар поён зикршуда пайдо намудан мумкин аст.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии ва соҳибкории Тоҷикистон аз мушовирони инфиродии соҳибтахассус даъват ба амал меорад, то ҳавасмандии худро барои пешниҳоди хизматрасониҳои мазкур иброз намоянд. Мушовирони хоҳишманд бояд маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд, ки ба талаботи тахассусӣ будани онҳоро барои иҷрои хизматрасониҳои пешбинишуда пурра тасдиқ намояд.

Руйхати кӯтоҳ дар заминаи арзёбии тарҷумаи ҳол (CV) ва маълумоти муфид дар ҷавоб ба ҳамин эълон, аз ҷумла тавсияномаҳо тартиб дода мешавад.

Довталабони иқтидорӣ бояд маълумотро дар бораи малакаҳои умумии касбӣ ҳамчун мушовири инфиродӣ, таҷрибаи корӣ дар самти мувофиқ, таҷрибаи фаъолият аз рӯйи супоришҳои мазкур, инчунин донистани забонҳо пешниҳод намоянд.

Мушовир тибқи усули интихоб, ки нисбат ба мушовирони инфиродӣ татбиқ мегардад ва тавре дар “Роҳнамо доир ба харидории хизматрасониҳои маслиҳатӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд” (нашри апрели соли 2019, таҳрири феврали соли 2023) муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

Талаботи ҳадди ақали тахассусӣ:

  • Дараҷаи магистр дар самти маориф, идоракунии бизнес, иқтисод ё ихтисоси наздик, ё дараҷаи бакалавр бо таҷрибаи иловагии 2-солаи корӣ;
  • Таҷрибаи на камтар аз даҳсолаи идоракунии лоиҳаҳо, ки аз ҷониби институтҳои байналмилалии молиявӣ (МФИ) маблағгузорӣ мешаванд; дар ҳолати доштани дараҷаи магистр таҷриба ҳаштсолаи корӣ кифоя мебошад;
  • Маҳорати идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
  • Маҳорати хуби ҳалли мушкилот ва тафаккури эҷодӣ, қобилияти иҷрои якчанд вазифа дар як вақт ва вокуниши саривақтӣ;
  • Маҳорати баланди гуфугуйи шифоҳӣ ва хаттӣ; таҷрибаи таҳияи ҳисоботҳо ва пешниҳодҳо барои донорон афзалият дорад;
  • Донистани муҳити маҳаллии таҳсилот, қобилияти хуби иртибот ва муносибатҳои байнишахсӣ;
  • Донистани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Саводнокии компютерӣ: Windows, Excel, Word ва қобилияти зуд азхуд кардани низомҳои нав;
  • Малакаҳои аълои муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ ҳатмӣ мебошад.

Ба мушовирони инфиродии хоҳишманд тавсия дода мешавад, ки бо бандҳои 1.12.1 ва 1.12.2 “Роҳнамо доир ба харидории хизматрасониҳои маслиҳатӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд” (нашри апрели соли 2019, таҳрири феврали соли 2023) шинос гарданд, ки дар он сиёсати Бонки Исломии Рушд оид ба ихтилофи манфиатҳо баён шудааст.

Мушовирони инфиродии хоҳишманд аз рӯйи нишонии дар поён овардашуда, дар вақти корӣ, яъне аз соати 08:00 то 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) маълумоти иловагӣ дастрас карда метавонанд.

Изҳори ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ, ҳамроҳ бо тарҷумаи ҳол (CV) ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ (шахсан ё тавассути почтаи электронӣ) ба нишонии дар поён зикршуда, на дертар аз 17:00 9 феврали 2026 пешниҳод карда шаванд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи: проф. Асрорзода Убайдулло Саттор

хиёбони Борбад 48/5, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992 37 234 88 02

Почтаи электронӣ: dsx_ips@mail.ru, нусха ба iutetiro.tj@gmail.com, idbroa@isdb.org

Сомона: http://www.iutet.tj

Comments are closed.