Сафири фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмонро ректори Донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода истиқбол намуда, бо ӯ мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкориҳо, аз ҷумла рушди табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, ташкили таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисоси ҳайати профессориву омӯзгорӣ, ҷалби мутахассисон барои баргузории машғулиятҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо муассисаву ташкилотҳои Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот муҳиммияти имзои Созишномаи ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир – NCUK таъкид гардида, иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ ҷиҳати гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва ниҳодӣ ба QAA дархост пешниҳод намудааст, ки баргузории он дар соли 2026 дар назар аст.
Меҳмон бо самтҳои асосии Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040 шинос гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи марҳилавии ташаббусҳои муштарак дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда изҳор намуданд.
Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Асрорзода бо истифода аз фурсати муносиб аз хонум Кэтрин Смиттон даъват ба амал овард, ки дар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд”, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси муассиса рӯзҳои 14-18 апрели 2026 дар назар аст, ҷиҳати даъвати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Британияи Кабир, роҳбарону намояндагони созмонҳо ва сармоягузорон мусоидат намояд.
Дар идома, Сафири Британияи Кабир бо фаъолияти воҳидҳои сохтории донишгоҳ, студияи таълимӣ, маркази “Дипломатияи сабз” марказҳои забономӯзӣ, маркази идораи лоиҳаҳо, инфрасохтори рақамӣ ва пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос шинос гардид.
Дар интиҳои вохӯрӣ, ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром, ҷонибҳо ба ҳам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.














