02 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои гуногуни сохторӣ, ректорони Донишкадаҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Левакант, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара, директорони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ, марказҳо, коллеҷу литсейҳо, инчунин беш аз 70 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Нишастро ректори Донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, намояндагони ВАО-ро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва барои ҳамкории пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо васоити ахбори омма дар фурсати кӯтоҳ ба рушди муассиса такони ҷиддӣ бахшидаанд.
Дар идома Ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар соли 2025 гузориши муфассал пешниҳод намуд.
Профессор Убайдулло Асрорзода иброз дошт, ки ки соли 2025 барои коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо рӯйдоди муҳиме алоқаманд аст, ки саҳифаи нави рушди муассисаро боз менамояд.
Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ҳамчун нишонаи равшани таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти олии давлат ба рушди илму маориф арзёбӣ мегардад.
Зимни ташрифи Пешвои муаззами миллат ба донишгоҳ як бинои 8-ошёна, 1 бинои 3-ошёна ва 1 бинои 5-ошёнаи хобгоҳ, Маркази таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ ва як қатор марказҳову озмоишгоҳҳо бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иброз гардид, ки “… Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар кишвар, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар зарфи солҳои охир ба маркази пешбари омодасозии мутахассисони рақобатнок тибқи низоми бисёрзинагии таҳсилот табдил ёфтааст”.
Қайд гардид, ки дарки амиқи ҳидоятҳои созанда ва хирадмандонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, воҳидҳои сохтории Донишгоҳро водор месозанд, ки маҷмӯи тадбирҳои муҳимми ташкиливу амалиро роҳандозӣ намуда, фаъолияти муассисаро дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок ва тибқи низоми бисёрзинагии таҳсилот боз ҳам таҳким бахшанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз 25 ноябри соли 2025 тасдиқ гардидааст, андешидани тадбирҳои доимӣ ҷиҳати фаъолияти бонизоми Маркази рушди малакаҳо, такмили низоми идоракунии рақамии Донишгоҳ, дар заминаи Донишкадаи сайёҳии донишгоҳ таъсис додани Академияи сайёҳӣ, бунёди биноҳои нави таълимӣ ва як қатор дастуру супоришҳои дигар дода шудаанд.
Зикр шуд, ки дар соли 2025 боз як рӯйдоди муҳим – қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» мебошад, ки он 17 декабри соли 2025 аз ҷониби Пешвои миллат имзо гардида, тибқи тартиб маврид амал қарор гирифт.
Бо ифтихор иброз гардид, ки дар партави татбиқи муқаррароти Стратегияи рушди муассиса, таъмини рушди устувор яке аз афзалиятҳои стратегии Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Донишгоҳ бо иштироки фаъол дар рейтинги ҷаҳонии “Донишгоҳҳои сабз” ба қатори донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон шомил гардида, дар кишвар мавқеи аввалро соҳиб шуд.
Профессор Убайдулло Асрорзода қайд намуд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти рақамикунонӣ, дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ бо ҷалби сармоягузории беш аз 10 миллион сомонӣ ҷараёни табдили муассиса ба «Донишгоҳи ҳушманд»-ро роҳандозӣ намудааст, ки унсурҳои алоҳидаи он мавриди истифода қарор гирифта истодаанд. Иқдоми мазкур имкон фароҳам меорад, ки тамоми самтҳои фаъолият ба таври рақамӣ идора карда шуда, мониторинги фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён такмил ёбад ва стандартҳои муосири рақамикунонӣ татбиқ гарданд.
Зикр шуд, ки сиёсати академии донишгоҳ пеш аз ҳама ба боло бурдани мақому манзалати омӯзгор, рушди пайвастаи салоҳият ва маҳорати касбӣ, инчунин ташаккули муҳити устувору созанда ва рақобатпазирӣ равона гардид.
Умуман, соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” чунин дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд:
– дар ин давра, теъдоди воҳиди кории ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ ба 1535 воҳиди корӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 414 воҳиди корӣ зиёдтар мебошад.
– аз аввали соли таҳсил дар ҳама зинаҳои таҳсилот дар Донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он 692 гуруҳҳои таълимӣ бо теъдоди 20129 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин нисбат ба соли гузашта як маротиба зиёд мебошад.
– раванди таҳсил дар донишгоҳ бо дарназардошти эҳтиёҷоти муосири иқтисоди мамлакат пайваста такмил дода шуда, нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ пурра таҷдиди назар гардида, аз 77 то ба 101 ихтисос расонида шуданд.
– дар давоми соли 2025, бо мақсади густариши робитаҳои илмию амалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои судманд бо бахши истеҳсоливу хизматрасонӣ, кафедраҳои донишгоҳ бо 96 корхона ва ташкилотҳои соҳавӣ созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
– дар соли таҳсили 2025-2026 таҷрибаи ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби кормандони муваффақи мақомоти идоракунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳию хизматрасонӣ ва амсоли онҳо роҳандозӣ гардид.
– дар доираи татбиқи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар донишгоҳ Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар сатҳи баланд ва бо фарогирии васеъ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони зиёда аз 100 корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бо пешниҳоди беш аз 3500 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод иштирок намуданд. Ҳамзамон, зиёда аз 700 нафар хатмкунандагони донишгоҳ ба озмунҳои ишғоли ҷойҳои корӣ ва вазифаҳо ҷалб гардида, ба корхонаву ташкилотҳо барои мусоҳиба ва дарёфти ҷойи кор роҳнамоӣ карда шуданд.
– дар давоми соли 2025 фаъолияти донишгоҳ дар самти рушди стратегӣ ба татбиқи марҳилавии Стратегияи рушди Донишгоҳ барои давраи то соли 2040 ва такмили сифати таҳсилот равона гардида, дар ин давра Нақшаи амал дар доираи марҳилаи аввали он (солҳои 2024–2026) амалӣ шуда, як қатор тадбирҳои муҳим ба иҷро расонида шуданд.
– дар давоми соли 2025, идоракунии стратегӣ ва менеҷменти сифат дар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шуда, барои таҳкими низоми идоракунии сифати самтҳои фаъолияти донишгоҳ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардид.
– дар ин давра, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии донишгоҳ ва таҳкими мавқеи он дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ, маълумотномаи таҳлилӣ барои иштирок дар рейтинги миллӣ таҳия гардида, ҷиҳати иштирок дар раддабандиҳои байналмилалии QS ва Times Higher Eduction корбарӣ сурат гирифта истодааст.
– дар доираи татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои стратегӣ, раванди арзёбии ҳамаҷонибаи барномаҳои таҳсилотӣ, нақшаҳои кории воҳидҳои сохторӣ, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои муосири худбаҳодиҳӣ ва низоми самараноки назорати дохилии сифати таҳсилот ба роҳ монда шуд.
– дар соли 2025, бо мақсади арзёбии раванди таълим ва такмили пайвастаи сифати таҳсилот, дар донишгоҳ ва воҳидҳои сохторҳои он назарсанҷиҳои фарогир миёни омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он доир гардид. Дар ин раванд беш аз 4000 донишҷӯ ва зиёда аз 500 омӯзгор ширкат варзида, андешаву пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳтарсозии муҳити таълим ва раванди омӯзиш пешниҳод намуданд.
– дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ бо ҳадафи такмили донишу малакаи омзгорон ва татбиқи таҷрибаи муосир дар раванди таълим аз ҷониби раёсати рушди стратегӣ ва идоракунии сифат семинарҳои илмию методӣ бо иштироки коршиносони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.
– дар ин давра, самти фаъолияти илмию таҳқиқотии донишгоҳ дар доираи 8 мавзӯи мустақили таҳқиқотӣ амалӣ гардид, ки ба ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ бо афзалиятҳои стратегии рушди кишвар равона шудаанд.
– дар давраи ҳисоботӣ раёсати Донишгоҳ нашри 5 маҷаллаи илмиро ба роҳ монд. Дар баробари ин, 3 маҷаллаи муассиса дар пойгоҳи байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд.
– дар ин давра, 32 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намудаанд. Ҳамзамон, 12 нафар рисолаи докторӣ ва 28 нафар рисолаҳои номзадиро дар кафедраҳо муҳокима карда, ҳуҷҷатҳоро ба шуроҳои диссертатсионӣ пешниҳод намуданд.
– яке аз дастовардҳои назарраси ҳайати профессорону омӯзгорон дар ин давра нашри 4374 адад мақола дар самтҳои гуногуни илмӣ ва тадқиқотӣ мебошад.
– соли 2025 дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳ 4 олимпиадаи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин 5 конфронси сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуд.
– дар давраи мазкур, 8 маводи мақолаҳои илмии донишҷӯён ба нашр расонида шуданд, ки нишондиҳандаи муҳими болоравии сатҳи фаъолнокии илмии насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
– дар давоми соли 2025, фаъолияти эҷодии ҳайати омӯзгорони донишгоҳ дар самти таҳияи маводи таълимӣ рушд ёфта, 216 номгӯи мавод, аз ҷумла 101 монографияи илмӣ нашр гардид.
– дар соли 2025 дар донишгоҳ 473 чорабинӣ, аз ҷумла 26 конфронси байналмилалӣ, 17 конфронси ҷумҳуриявӣ, 23 ҳамоиши илмӣ, 91 мизи мудаввар, 316 семинари илмӣ-назариявии кафедраҳо ва семинарҳои доимоамалкунандаи профессорон баргузор гардиданд.
– яке аз чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, дар соли 2025 баргузор гардидани Форуми 2-юми иқтисодӣ бахшида ба “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад, ки бо ҷалби олимони соҳаи иқтисоди кишвар ва меҳмонони хориҷӣ доир гардид.
– дар баробари ин, фаъолияти китобхонаи илмию электронии донишгоҳ назаррас арзёбӣ гардида, дар озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” ва сазовори ҷойи якум гардид.
– яке аз дастовардҳои муҳим имзои Созишномаи ҳамкорӣ бо Консорсиуми донишгоҳҳои Британияи Кабир (NCUK) мебошад, ки айни замон зиёда аз 70 донишгоҳи пешрафтаи Британияи Кабир ва ҷаҳон, инчунин 110 маркази омӯзишӣ аз 35 кишвари дунёро ва муттаҳид менамояд.
– дар баробари ин, донишгоҳ барои аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва ниҳодӣ гузронидани донишгоҳ ба Агентии таъмини сифати таҳсилоти олии Британияи кабир (QAA) дархост пешниҳод намуд, ки дар соли 2026 гузаронида мешавад.
– инчунин, дар соли 2025 донишгоҳ узви Ассотсиатсияи рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ гардид, ки дар он 42 кишвари дунё шомил мебошанд.
– дар соли 2025, яке аз муваффақиятҳои муҳим арзёбии мусбати лоиҳаи “Рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилот дар соҳаи соҳибкорӣ” маҳсуб меёбад. Маврид ба зикр аст, ки Миссияи Бонки Исломии Рушд ба донишгоҳ ташриф оварда, ба омодагии лоиҳа баҳои баланд дода, барои маблағгузории он Созишнома ба имзо расонид. Татбиқи лоиҳа дар нимаи дуюми моҳи феврали соли 2026 шуруъ мегардад.
– дар соли 2025 дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёди биноҳои таълимӣ дар «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд» -и донишгоҳ оғоз гардид, ки барои фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ барои хонандагон ва донишҷӯён аҳамияти муҳим дорад.
– дар ин давра, бо 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Британияи Кабир, Индонезия, Корея, Олмон, Чехия, Эстония, Руминия, Чин, Қатар, Гурҷистон, Россия ва Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар натиҷа, шумораи умумии созишномаҳои амалкунандаи донишгоҳ бо шарикони хориҷӣ ба 283 адад расид.
– ҳамзамон, дар ин давра, дар доираи муқаррароти Стратегияи рушди донишгоҳ, харитаи роҳи ҳамкориҳои байналмилалии муассиса бо донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Ховари Миёна ва Аврупо таҳия карда шуд.
– дар давоми соли 2025 машғулиятҳои ҳузурӣ ва семинарҳои омӯзишии 47 нафар омӯзгори хориҷӣ аз муассисаҳои пешрафтаи Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ирландия, Испания, Чин, Қувайт, Миср, Россия, Ҳиндустон, Гурҷистон, Белорусия ва Покистон баргузор гардиданд.
– дар баробари ин, дар ин давра 152 семинару машғулиятҳои таълимӣ ва мулоқоти маҷозӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо намояндагони муассисаҳои Индонезия, Чин, Испания, Британияи Кабир, Чехия, Швейтсария, Малайзия, Эстония, Руминия, Ҳиндустон, Россия, Эрон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом дода шуд.
– дар ин давра Сафирони Ҳиндустон ва Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири сайёҳии Черногория ва муовини Вазири сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба донишгоҳ ташриф оварданд.
– дар соли 2025, дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон муовини Президенти Бонки Осиёии Рушд аз Донишгоҳ боздид ба амал овард. Раёсати донишгоҳ меҳмонро дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми босазо ва дастгириҳои пайваста бо қарори Шурои олимони донишгоҳ бо унвони “Профессори фахрӣ”-и Донишгоҳ қадрдонӣ намуд.
– дар давоми соли 2025, сафари кории 63 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ ҷиҳати ҳамкорӣ ба Италия, Чин, Давлати Қатар, Британияи Кабир, Олмон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Индонезия, Руминия, Эстония, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат гирифт.
– Ҳамзамон, дар ин давра роҳбарияти Донишгоҳ дар форуми байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2025, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Милан, Форумии иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Чин, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Гурҷистон, Конфронсҳои байналмилалии таҳсилот (шаҳрҳои Пекин ва Гуанҷоу) иштирок ва суханронӣ намуданд.
– дар соли 2025 12 нафар омӯзгори Донишгоҳ дар озмуни Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) ширкат варзида, ғолиб гардиданд ва давра ба давра сафарбар гардида истодаанд.
– Дар давраи ҳисоботӣ ба донишгоҳ тариқи барномаи Фулбрайт профессор аз Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсони Амрико ташриф овард. Ҳамзамон, дар ин давра 3 омӯзгори донишгоҳ тариқи барномаи Фулбрайт ва Эрасмус плюс ба Донишгоҳи Чикагои Амрико, Донишгоҳи технологии Эстония ва Донишгоҳи илмҳои табии Руминия барои таҳқиқот ва тадрис сафарбар гардиданд.
– дар давраи ҳисоботӣ 204 нафар донишҷӯи Донишгоҳ дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва барномаи табодули академӣ дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
– ҳамзамон, дар соли 2025, 18 нафар донишҷӯёни фаъол донишгоҳро дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 4 ҷойи I, 6 ҷойи II ва 8 ҷойи III гардиданд.
– дар соли 2025 дар донишгоҳ беш 410 чорабиниҳои тарбиявӣ-маърифатӣ, семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳои муштарак бо ниҳодҳои давлатӣ, Фестивалу аксияҳои тарғиботӣ, аксияҳои тозагӣ ва амсоли инҳо баргузор гардиданд.
– дастаи волейболбозон аз ҳисоби зан-омӯзгорони Донишгоҳ дар мусобиқаи шаҳри байни мақомоту идораҳои шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳр иштирок намуда, дар сегонаи беҳтарин шомил гардиданд.
– донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сайёҳӣ ва Туриада – 2025 ширкат варзида, сазовори 18 медал, аз ҷумла 8 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.
– Дар давоми соли 2025, Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳ 586 нафарро ба курсҳо фаро гирифта, бо шаҳодатнома ва дипломҳо сарфароз намуд. Аз ҷумла, дар ин давра 152 нафарро дар курсҳои такмили ихтисос ва 124 нафарро дар кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ гузаштанд.
– Дар давраи ҳисоботӣ барои 310 нафар шунаванда дар самтҳои меҳмонхона, тарабхона ва роҳбалад бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ аз Гурҷистон, Россия ва Олмон мастер-класс гузаронида шуд.
Ҳамин тавр, ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар интиҳои нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки натиҷаҳо дар давраи ҳисоботӣ назаррасанд, вале новобаста аз дастовардҳо мо бояд сайъю талош намоем, ки ҷиҳати тақвияти минбаъдаи фаъолият тибқи Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.






































