Боиси ифтихор аст, ки тайи чанд соли охир бо ташаббус ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарëфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, инчунин тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд доир мегарданд.
     Хушбахтона дар қатори иштирокчиëни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҷорӣ устоди Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович аз рӯйи номинатсияи «Эҷоди назму наср» сазовори ҷойи сеюм ва барандаи ҷоизаи озмуни мазкур гардид.
      Аҳли раëсат, омӯзгорону кормандон устоди Донишгоҳ Дайхудоев Ваҳдат Умедҷоновичро ба ин дастоварди бузург самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ барояшон барору комëбӣ таманно доранд.

Leave a Comment