Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дарси намунавӣ бо иштироки олими соҳаи ҳуқуқ аз Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дарси мазкур аз ҷониби Салиев И. Р. – номзади илмҳои ҳуқуқ аз Федератсияи Россия барои донишҷӯёни факултети ҳуқуқи Донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни машғулият масъалаҳои мубрами рушди илми ҳуқуқшиносӣ, такмили низоми қонунгузорӣ, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ дар таъмини суботи ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Олими хориҷӣ дар ҷараёни дарс доир ба тамоюлҳои муосири рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ, аҳаммияти таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқӣ, хусусиятҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва зарурати мутобиқсозии донишҳои назариявӣ ба талаботи амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ андешаҳои илмии худро баён намуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва таҳлилӣ, рушди малакаҳои касбии ҳуқуқшиносони оянда ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар раванди омӯзиши фанҳои ҳуқуқшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни машғулият донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки доир ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқшиносии муосир бо олими хориҷӣ мубодилаи афкор намуда, бо равишҳои илмии таҳлили падидаҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи омӯзиши фанҳои ҳуқуқшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия шинос гарданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин дарсҳои намунавӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони хориҷӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, таҳкими робитаи илм ва амалия, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ мусоидат менамояд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сиёсати байналмилаликунонии фаъолияти илмӣ ва таълимӣ ба ҷалби олимону профессорони хориҷӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ, лексияҳои академӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.








