Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дарси намунавӣ дар мавзуи «Скоринг дар ташкилотҳои қарзии Федератсияи Россия» баргузор гардид.
Дарси мазкур аз ҷониби мудири кафедраи туризми байналмилалии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси «Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ»-и Донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни машғулият масъалаҳои назариявӣ ва амалии истифодаи низоми скоринг дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, усулҳои муосири арзёбии қобилияти қарзпардозии мизоҷон, идоракунии хавфҳои қарзӣ ва нақши технологияҳои рақамӣ дар такмили фаъолияти муассисаҳои молиявию бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Меҳмони хориҷӣ доир ба моҳияти иқтисодии скоринги қарзӣ, хусусиятҳои истифодаи моделҳои оморӣ ва алгоритмҳои таҳлилӣ дар арзёбии хавфҳои молиявӣ, механизмҳои қабули қарорҳои қарзӣ ва таҷрибаи ташкилотҳои қарзии Федератсияи Россия дар самти татбиқи технологияҳои муосири баҳодиҳии мизоҷон маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумоти бузург (Big Data), автоматизатсияи равандҳои қарздиҳӣ, баланд бардоштани шаффофияти қарорҳои молиявӣ ва коҳиш додани хавфи барнагардонидани қарзҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни дарси намунавӣ донишҷӯён бо принсипҳои ташаккули рейтингҳои қарзӣ, нишондиҳандаҳои асосии арзёбии қобилияти пардохтпазирии қарзгирандагон, усулҳои таҳлили хавф ва таҷрибаи истифодаи низомҳои скорингӣ дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ шинос гардиданд.
Машғулият дар фазои мубодилаи афкори илмӣ ва амалӣ сурат гирифта, масъалаҳои афзалиятҳо ва маҳдудиятҳои истифодаи скоринг, аҳаммияти рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ва имкониятҳои татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи ташкилотҳои қарзии кишварҳои хориҷӣ дар самти истифодаи технологияҳои муосири арзёбии хавфҳои молиявӣ барои рушди малакаҳои касбии донишҷӯён, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи молия ва бонкдорӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин дарсҳои намунавӣ бо иштироки олимону мутахассисони хориҷӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ мусоидат менамояд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи сиёсати байналмилаликунонии фаъолияти илмӣ ва таълимӣ ҷиҳати ҷалби олимону профессорони хориҷӣ, ташкили лексияҳои академӣ ва дарсҳои намунавӣ, инчунин татбиқи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ дар раванди омодасозии мутахассисони баландихтисос пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
rectorate@iutet.tj
info@iutet.tj
www.iutet.tj








