МАСТЕР-КЛАССИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ФАРҲАНГИ ХИЗМАТРАСОНӢ БАРОИ САЙЁҲОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР»

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 13 то 18 октябри соли равон баргузор гардида истодааст, як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ доир мегарданд ва онҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ равона шудаанд.

Яке аз чорабиниҳои муҳимми барномаи Форум мастер-класси байналмилалӣ дар мавзуи «Рушди фарҳанги хизматрасонӣ барои сайёҳон дар шароити муосир» мебошад, ки ин лаҳзаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

Мастер-класс бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Дар чорабинӣ муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Қаландарзода Гулрӯ Сафар, коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва хизматрасонӣ аз Тоҷикистон, Ҳиндустон, Сингапур ва Федератсияи Россия иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рушди соҳа, роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва татбиқи таҷрибаи байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар шароити рақобати рӯзафзун дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ сифати хизматрасонӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Таассуроти сайёҳ аз сафар на танҳо ба маконҳои боздидшуда, балки ба муносибати кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар намояндагони соҳа низ вобаста аст. Маҳз муносибати хуб, масъулиятшиносӣ ва дониши касбии кормандон метавонанд боиси эътимоди бештари меҳмонон ва ташаккули симои мусбати кишвар гарданд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ яке аз самтҳои муҳими такмили фаъолияти соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти имкониятҳои васеи сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла мероси ғании таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор, анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги меҳмоннавозӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа аҳаммияти махсус касб мекунад. Тақвияти ин самт метавонад ба беҳтар шудани сифати маҳсулоти сайёҳӣ, афзоиши қаноатмандии сайёҳон ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ мусоидат намояд.

Дар ҷараёни мастер-класс масъалаҳои рушди малакаҳои касбӣ, ташаккули фарҳанги муосири меҳмондорӣ, такмили муносибатҳои байни кормандони соҳа ва сайёҳон, инчунин истифодаи самараноки воситаҳои муосири маркетинг ва брендинг мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Интизор меравад, ки мубодилаи таҷрибаи мутахассисони кишварҳои иштирокчӣ барои муайян намудани роҳҳои нави баланд бардоштани рақобатпазирии хизматрасониҳои сайёҳӣ замина фароҳам оварад.

Дар доираи Форум маросими ба имзо расонидани ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни муассисаҳои соҳаи сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва тарабхонаҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Ёддошти тафоҳуми аввал байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими робитаҳои касбӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ, рушди фарҳанги муосири хизматрасонӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа равона шудааст. Ёддошти тафоҳуми дуюм миёни ҳамин муассиса ва Ассотсиатсияи тарабхонаҳои Тоҷикистон ба имзо расид. Ин иқдом барои густариши робитаҳои касбӣ, табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам, рушди ташаббусҳои муштараки таълимию омӯзишӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байни муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони бахши хусусӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Таваҷҷуҳи махсус ба омодасозии кадрҳои баландихтисос, такмили малакаҳои касбӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии сифати хизматрасонӣ равона хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки рушди сайёҳии устувор танҳо ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва фарҳангӣ маҳдуд намешавад. Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди инфрасохтор, омодасозии мутахассисони соҳибкасб ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон низ аз ҷузъҳои муҳими ин раванд ба ҳисоб мераванд.

Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои таҳкими муколамаи касбӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва муайян намудани дурнамои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои соҳавӣ ва намояндагони бахши хусусӣ метавонад дар ташаккули низоми муосир ва рақобатпазири хизматрасонӣ нақши муассир гузорад.

Ҳадафи асосии форум ва мастер-класси байналмилалӣ таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон ва мусоидат ба рушди устувор ва рақобатпазири соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Натиҷаҳои чорабиниҳо барои густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, такмили фарҳанги хизматрасонӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Хотиррасон мекунем, ки аз 13 то 18 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор гардида истодааст. Ин ҳамоиши фарогир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд ташкил гардида, ба минбари муҳимми муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар табдил хоҳад ёфт.

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Меҳргон ­­- яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст, баргузор шуда, ба пайванди арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо ҳадафҳои муосири рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти хосса мебахшад.

Барномаи чорабинӣ шаш рӯзро дар бар гирифта, беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад. Чорабиниҳо дар Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудаанд. Баргузории он дар ҳафт шаҳру ноҳия ва се забони корӣ – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз фарогирии васеи барнома ва аҳаммияти муколамаи байналмилалии он шаҳодат медиҳад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар