СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ»

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ҷараён дорад.

Олимпиада аз рӯйи шаш самти илмӣ-таълимӣ – назарияи иқтисодӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, асосҳои дипломатия, забони англисӣ, сайёҳии байналмилалӣ ва барномасозӣ баргузор гардида, барои санҷиши сатҳи дониш, рушди тафаккури таҳлилӣ, тақвияти қобилиятҳои зеҳнӣ ва муаррифии истеъдоди донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳадафи асосии баргузории Олимпиада дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии академӣ, рушди рақобати солими илмӣ ва густариши робитаҳои дӯстонаи ҷавонони кишварҳои гуногун мебошад.

Дар ҷараёни даври асосии Олимпиада иштирокчиён дониш, малака ва қобилиятҳои касбии худро аз рӯйи самтҳои муайяншуда нишон медиҳанд.

Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти байналмилаликунонии таҳсилот, рушди неруи зеҳнии ҷавонон ва таҳкими мавқеи муассиса дар фазои байналмилалии илму маориф ба ҳисоб меравад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар