Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» санаи 14 октябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Сайёҳӣ ва тамоюлҳои муосири робитаҳои байнифарҳангӣ” доир гардид.
Дар кори конфронс муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Илҳомуддин Иброҳимзода, муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба таълим Мирзоҳид Раҳимов, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва илм ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ниёзӣ Сироҷиддин, сардори шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Назар Ниёзӣ, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Юсуфӣ Ифтихор Абубакрзода, намояндаи Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Любовь Николаевна Дудко ва дигар олимону муҳаққиқон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҳузур доштанд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълим Мирзоҳид Раҳимов боз намуда, меҳмононро пазироӣ кард. Қайд гардид, ки баргузории чунин конфронс ва форумҳои байналмилалӣ аз самараи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Дар кори конференсия иштирок ва баромади зиёда аз сад нафар олимон, донишмандон, пажӯҳишгарон, магистрон ва донишҷӯён пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар ҷаласаи ифтитоҳӣ профессор Бозор Сафаралиев дар мавзуи “Этнокультурный туризм и популяризации празднично-традиционной культуры у таджиков” аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Алӣ Далери Дисфонӣ дар мавзуи “Ҷашни “Меҳргон” дар оинаи забон ва адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ: аз ҷашни бостон то мероси фарҳангӣ” аз Ҷумҳурии исломии Эрон, профессор А.С.Гурьянов дар мавзуи “Диалог и монолог М.Бахтина в литературоведческом и социокультурном измерениях” аз Федератсияи Россия ва дигар олимон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Миёни иштирокдорон баҳсу музокираҳои судманд сурат гирифт.
Бояд ёдовар шавем, ки аз 13 то 18 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад. Ин ҳамоиши фарогир бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд ташкил гардида, ба минбари муҳимми муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар табдил хоҳад ёфт.
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Меҳргон - яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст, баргузор шуда, ба пайванди арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо ҳадафҳои муосири рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти хосса мебахшад.
Барномаи чорабинӣ шаш рӯзро дар бар гирифта, беш аз 20 ҳамоишро фарогир аст. Чорабиниҳо дар Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудаанд. Баргузории он дар ҳафт шаҳру ноҳия ва се забони корӣ – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз фарогирии васеи барнома ва аҳаммияти муколамаи байналмилалии он шаҳодат медиҳад. Дар меҳвари ин ҳамоиш масъалаҳои сайёҳии устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихию этнографӣ, кишоварзии устувор, амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қарор доранд.


































