14 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», бахшида ба ҷашни бостонии Меҳргон, конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Танзими ҳуқуқӣ ва идоракунии сайёҳӣ: ҳамкории фаромарзӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоти олии давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаи ҳуқуқ ва сайёҳӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Конференсияро муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Раҳимов М.А. ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар таҳкими робитаҳои илмӣ, рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ, такмили механизмҳои ҳуқуқии идоракунии сайёҳӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъкид гардид.
Дар идомаи конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода З. суханронӣ намуда, масъалаҳои мубрами такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими нақши қонунгузорӣ дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва аҳаммияти механизмҳои ҳуқуқӣ дар рушди устувори соҳаи сайёҳиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Ҳамзамон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода И.Ҳ. дар суханронии худ ба масъалаҳои такмили қонунгузории миллӣ, мутобиқсозии меъёрҳои ҳуқуқӣ ба талаботи муосири муносибатҳои байналмилалӣ, танзими ҳуқуқии фаъолияти сайёҳӣ ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзозода П. низ суханронӣ намуда, ҷанбаҳои назариявию амалии танзими ҳуқуқии муносибатҳои сайёҳӣ, нақши таҳқиқоти илмии ҳуқуқшиносӣ дар такмили низоми идоракунии давлатӣ ва масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқии мероси таърихию фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зимни конференсия таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди устувори соҳаи сайёҳӣ тақозо менамояд, ки механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии идоракунии соҳа такмил дода шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ, таъмини амнияти сайёҳон ва истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии кишварҳо густариш дода шаванд.
Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон, истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии соҳа, инчунин механизмҳои ҳуқуқии ҳифз ва истифодаи устувори мероси моддию ғайримоддии фарҳангиро мавриди муҳокимаи илмӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ, муаррифии арзишҳои тамаддунии миллати тоҷик ва истифодаи мероси ғании фарҳангӣ ҳамчун омили таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардид.
Баргузории конференсияи байналмилалии мазкур барои густариши муколамаи илмӣ байни намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо, табодули таҷрибаи пешқадам ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалиро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмию инноватсионӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти байнисоҳавӣ ва пешниҳоди роҳҳои илмии ҳалли масъалаҳои мубрами рушди устувори сайёҳӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.





























