Дастаи мунтахаби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон дар мусобиқаи сатҳи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба “Варзиши сайёҳӣ-роҳнавардӣ ва велосипедронӣ” сазовори ҷои 3-юм гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз санаи 23 то 29 майи соли 2024 дар вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки намояндагони Федератсияи байналмилалии варзиши сайёҳӣ ва варзишгарони 21 давлат баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки варзишгарони дастаи мунтахаби ДБССТ дар мусобиқаи мазкур фаъолона ширкат варзида, аз худ маҳорату малакаи хуби варзишӣ нишон дода, аз намуди кӯҳнавардии даставӣ дар байни писарон сазовори ҷои 3-юм, аз намуди велосипедронӣ дар байни духтарон сазовори ҷои 3-юм ва аз намуди велосипедронии даставӣ миёни писарон сазовори ҷои ифтихорӣ гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ намуданд.
Пирӯзии дастаи мунтахаби ДБССТ дар мусобиқаи сатҳи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба “Варзиши сайёҳӣ-роҳнавардӣ ва велосипедронӣ” ба кулли омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ муборак бошад.