Рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2024 бо даъвати Кумитаи мусоидат ба рушди савдои байналмилалии вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қаландарзода Гулру – муовини ректори донишгоҳ ва Азимова Мадина Турдиевна – мудири шуъбаи таҳқиқоти шуғли сабз ва маърифати экологии Институти илмию тадқиқотии иқтисоди сабзи назди донишгоҳ дар шаҳри Пекин дар Намоишгоҳи байналмилалӣ ва конфронс оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергияи “сабз” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар доираи конфронси мазкур бо Ширкати Алянси “сабз”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба иқтисоди “сабз” ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.