Cардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа

Нурализода Ноилшоҳ Имомалӣ

Тел.: +992 938490505
E-mail: noilsho@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Нурализода Ноилшоҳ Имомалӣ – сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаи  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.ф

Аз охири солҳои Н. Нурализода 90-ум бо васоити ахбори омма ҳамкорӣ намуда, дар бораи масоили муҳим, аз ҷумла барномаҳои таълимӣ, муносибати ҷомеа ба забон, ахлоқи ҷавонон ва дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯз дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва ѓайра масъалагузорӣ намудааст. Ҳамчунин, Н. Нурализода дар таълифи як қатор барномаҳои телевизионӣ дар тарбияи насли наврас ва роҳнамоии ҷомеа саҳми арзанда гузошта, муаллифи китоби «Оинаи маориф» (2012), «Машъали маориф»  (2022), «Нашрияи «Омӯзгор» дар низоми матбуоти соҳавии Тоҷикистон» (2024)  мебошад.

Н. Нурализода дар мавзуи «Нашрияи «Омӯзгор» дар низоми матбуоти соҳавии Тоҷикистон» рисолаи илмӣ дифоъ карда, ба дараҷаи номзади илмҳои филологӣ мушарраф гаштааст. Аз соли 2009 аъзои ҲХДТ мебошад.

Узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004) буда,  бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2009), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012) ва Медали «100-солагии матбуот» (2018)  қадрдонӣ шудааст. Соли 2020 барандаи Ҷоизаи иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ мебошад.