Тақдими сертификатҳо ба омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ситии Малайзия як рӯйдоди муҳими илмӣ ва касбӣ ба ҳисоб меравад.
Ин чорабинӣ ҳамчун қисми барномаи такмили ихтисос баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар расми тақдими сертификатҳо муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи Ситии Малайзия профессор Норман Чу ва муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 8 нафар омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯйи самтҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ, IT-технологияҳо ва маҳорати педагогӣ дар Донишгоҳи Ситии Малайзия такмили касб намуданд.