Дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» санаи 16 октябри соли 2026 дар шаҳри Норак фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон» баргузор гардид. Дар фестивал ба муаррифии иқтидори сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ ва имкониятҳои иқтисодию сайёҳии вилояти Хатлон бахшида шуд.
Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон» ба муаррифии сарватҳои моддию маънавии минтақа, тарғиби арзишҳои миллӣ, дастовардҳои ҳунармандон ва имкониятҳои рушди сайёҳии маҳаллӣ равона гардида, барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои байнисоҳавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Меҳмонони Форумро дар даромадгоҳи шаҳр роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолону ҷавонон бо риояи анъана ва расму оинҳои миллию мардумӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии иқтидори сайёҳии вилояти Хатлон, ҳифзу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, дастгирии ҳунармандону истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва муайян намудани имкониятҳои нави рушди сайёҳии устувор буд. Дар ин замина, масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии маҳсулоти маҳаллӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Насиба Фароғатзода дар баромади худ меҳмононро ба шаҳри Норак хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати таҷлили ҷашни бостонии Меҳргон табрик намуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, рамзи фаровонӣ, баракати дастранҷи деҳқонон, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба табиат маҳсуб меёбад.
Сипас, сухан ба муовини якум, муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба таълим Мирзоҳид Раҳимов дода шуд. Номбурда меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар баромади худ аз аҳаммияти ҷашни Меҳргон ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ёдовар гардиданд. Ҳамзамон, шаҳри Норакро ҳамчун яке аз шаҳрҳои зебои сайёҳии кишвар муаррифӣ намуда, аз ҳузури меҳмонон ва намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон изҳори хушнудӣ карданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Масъалаҳои рушди сайёҳии фарҳангӣ, экологӣ, деҳотӣ ва кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии вилояти Хатлон баррасӣ гардиданд. Таъкид карда шуд, ки вилояти Хатлон бо таърихи ғанӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои анъанавӣ, захираҳои табиӣ ва имкониятҳои истеҳсолӣ яке аз минтақаҳои дорои иқтидори назарраси рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиён ба зарурати ҳифзу эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии ҳунармандону истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муаррифии маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин замина, истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои ташаккули маҳсулоти нави сайёҳӣ, васеъ намудани доираи хизматрасониҳо ва ҷалби сармоягузорӣ аҳаммияти хосса дорад.
Зимни баргузории фестивал нақши муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла Академияи сайёҳӣ, Донишкадаи байналмилалии Данғара, Донишкадаи байналмилалии Левакант ва коллеҷу литсейҳои ДБССТ, ки дар вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, муҳим арзёбӣ гардид. Иштироки ин муассисаҳо барои муаррифии имкониятҳои таълимӣ ва касбӣ, таҳкими робитаи илму маориф бо соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муколамаи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, соҳаи кишоварзӣ, ҳунармандон ва бахши хусусӣ барои мубодилаи таҷриба, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки рушди сайёҳии устувор аҳаммияти муҳим касб намуд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳои манфиатдор метавонад ба рушди иқтидори иқтисодию иҷтимоии минтақа ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат намояд.
Баргузории фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон» дар шаҳри Норак барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳр ва вилояти Хатлон, ҷалби таваҷҷуҳ ба захираҳои табиӣ ва фарҳангии минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Ин иқдом дар заминаи рушди сайёҳии устувор барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, тарғиби анъанаҳои миллӣ ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда аҳаммияти муҳим дорад.
Натиҷаҳои чорабинӣ метавонанд барои рушди соҳибкории маҳаллӣ, дастгирии ҳунармандон, ташаккули маҳсулоти нави сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва муаррифии шоистаи вилояти Хатлон дар бозори байналмилалии сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Нимаи дуюми рӯз сафари иштирокчиёни Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» ба ноҳияи Данғара ҷиҳати боздид аз Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон» идома меёбад.


























