18 ноябри соли равон муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба корҳои таълимии донишгоҳ Раҳимов М.А. ва декани факултети муштарак Раҳимов Ҷ.О. дар доираи иштирок дар чорабинии тантанавӣ ва конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба 80 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи ҷанубии Қазоқистон ба номи М.Ауэзов бо донишҷӯёни ДБССТ, ки тавассути барномаи табодули академӣ дар муассисаи мазкур таҳсил мекунанд, вохӯрӣ доир намуданд. Вохӯрии мазкур хеле самимӣ ва дар фазои озод доир гардид. Нахуст, донишҷӯён дар бораи шароитҳо ва имконоти таҳсил дар донишгоҳи мазкур маълумот доданд. Сипас, намояндагони донишгоҳ таъкидҳои худро доир ба хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, аз бар намудани илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир, инчунин муаррифии фарҳангу маърифати баланди халқи тоҷик дар хориҷи кишвар иброз намуданд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи бомуввақият ҷамъбаст намудани сессияи тирамоҳӣ донишҷӯён имкон доранд дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳсили хешро дар муассисаи мазкур ё муассисаҳои таълимии дигар давлатҳои хориҷӣ тариқи барномаи табодули академӣ идома диҳанд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ