РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

Раёсати илм ва инноватсия сохтори таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, ташкил ва  гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва инноватсиониро дар донишгоҳ ба танзим медарорад.

Самти илму инноватсия ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳ тибқи амру фармон, дастуру супоришҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, фармоишҳои Вазири маориф ва илм, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ба роҳ монда шуда, барои татбиқи нуқтаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ҷаҳду талош доранд. Шароити кунунӣ ва имкониятҳои мавҷуда, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, барои рушди илму инноватсия ва пешрафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва ҳамқадами ҷаҳони муосир будани илми тоҷик ҳаматарафа мусоидат менамояд.

Имрӯз дар баробари таълиму тарбия сарбории илмӣ қисми пайвастаи фаъолияти устоди мактаби олиро ташкил дода, тақозо менамояд, ки баробари омӯзонидани насли ҷавон худ низ омӯзад ва муҳаққиқи сермаҳсул бошад.

Аз ин рӯ, раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ низ ҳамчун яке аз ниҳодҳои асосӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод, гумрук, тиҷорат, ҳуқуқ ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нақши назаррасро соҳиб мебошад.

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон яке аз сохторҳои асосии донишгоҳ буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омузгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, фаъолияти илмии магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура) ва докторантураро ба роҳ мемонад.

Раёсат  масъули иҷрои вазифаҳои зерин мебошад:

  • муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо, магистрҳо, унвонҷӯён ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
  • таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;
  • тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
  • таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
  •  назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
  • ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;
  • назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён, гузаронидани озмуни олимони ҷавони навовари беҳтарин, донишҷӯ ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун барои ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷӯён ва ғ.;
  • назорати фаъолияти Шӯрои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва факултетҳо, иҷрои рисолаҳои хатми бакалав­риат, мутахассис ва магистратура, корҳои (лоиҳаҳои) курсӣ;
  •  назорати фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтаанд;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
  • назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо ва унвонҷӯён;
  • танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • назорати фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи талаботи мақомоти дахлдор; 
  • дар якҷоягӣ бо маъмурияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ҳайати устодону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён доир ба мавзӯъҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ.