ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚУТБНАМОИ РУШДИ МИЛЛИИ КИШВАР

Баргузории Ҳамоиши илмӣ дар доираи баҳрабардорӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
03 январи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҳамоиши кормандону омӯзгорон таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – қутбнамои рушди миллии кишвар” бо баҳрабардорӣ аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Муовини аввали ректори Донишгоҳ дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович зимни баромади хеш қайд намуд, ки Паёми имсола як роҳнамои муҳимест, ки дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсии кишварро барои соли оянда ва солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар он таъкидҳои муҳими стратегӣ дар самтҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа, густариши соҳаи маорифу илм ва рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҷой дода шудаанд.
Сипас, вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон профессорон ва омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳ суханронӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *