Тавсияҳои ректори донишгоҳ ба иштирокчиёни озмуни ишғоли вазифаҳо
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни ҷаласаи озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ, ки 15 январи соли 2025 баргузор гардид, ба довталабони иштирок дар озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ дар донишгоҳ тавсияҳои муҳим пешниҳод намуд.
Дар суханронии худ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор таъкид карданд, ки ғолибони озмун бояд дар рушди донишгоҳ нақши муҳим дошта бошанд ва бо садоқат ба вазифаҳои худ муносибат кунанд. Ӯ зикр намуд, ки танҳо тавассути меҳнати пайваста, масъулиятшиносӣ ва донишандӯзии доимӣ метавон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Инчунин, ректори донишгоҳ қайд карданд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ яке аз муассисаҳои олии бонуфузи кишвар ба ҳисоб меравад, ки рисолати он тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, ҳар як корманд, аз ҷумла ғолибони озмун, бояд ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор инчунин таъкид намуданд, ки донишгоҳ имкониятҳои васеъро барои рушди касбӣ фароҳам овардааст ва кадрҳои нав бояд аз ин шароитҳо самаранок истифода баранд. Ӯ гуфт, ки саҳми ҳар як нафар дар рушду инкишофи донишгоҳ муҳим аст ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ бояд бо ҳамкорӣ, садоқат ва ҳисси баланди масъулият фаъолият кунанд.
Дар фарҷоми суханронии худ, ректори донишгоҳ ба довталабони озмун муроҷиат намуда, таъкид кард, ки озмун як платформаи адолатнок ва шаффоф аст, ки ба ҳар як шахс имконият медиҳад, то истеъдод ва донишҳои худро нишон диҳад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ғолибони озмун дар пешрафти донишгоҳ саҳми назаррас хоҳанд дошт ва ҳамчунин барои баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ кӯшиш хоҳанд кард ва ҳамзамон изҳори умедворӣ карданд, ки онҳо ба боварии роҳбарият ва донишҷӯён сазовор хоҳанд гардид.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2024, дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои таҳкими раванди идоракунӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос мунтазам озмунҳои ишғоли вазифаҳо баргузор карда мешаванд.