АЗ ОТАШИ НИЁГОН ТО ШУКӮҲИ ИМРӮЗ: ТАҶЛИЛИ САДА ДАР ЛЕВАКАНТ

01 феврали соли 2025 дар Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо гиромидошт аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки бо ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд, ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, намояндагони раёсати Донишгоҳ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонони дигар иштирок карданд.
Ба муносибати ин ҷашни қадима, дастархони идона бо таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастӣ ороста шуда, донишҷӯён бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва омода кардани хӯрокҳои суннатӣ, фазои идонаро боз ҳам рангоранг намуданд.
Муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат зимни суханронии худ аз иқдомҳои раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавриди баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ дар сохторҳои донишгоҳ изҳори хушнудӣ намуда, ташаббусҳои мазкурро қобили ҷонибдорӣ таъкид кард.
Мавсуф қайд намуд, ки ҷашни Сада яке аз суннатҳои деринаи ниёгони тоҷикон буда, бо пайдоиши оташ ва ғалаба бар торикиву ҷаҳолат иртиботи амиқ дорад. Ин ҷашн рамзи рӯшноӣ, гармӣ ва иттиҳод ба шумор меравад ва то имрӯз дар миёни тоҷикон боқӣ мондааст.
Қайд карда шуд, ки бо гузашти замон, бахусус дар давраҳои муайяни таърихӣ, таҷлили Сада то ҳадде коҳиш ёфт. Аммо дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикороту ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, ин ҷашн дубора эҳё гардида, ҳамчун яке аз суннатҳои муҳими фарҳангии миллати тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Чорабинии мазкур бо барномаи рангини фарҳангӣ, аз ҷумла намоиши бадеӣ, рақсу сурудҳои миллӣ ва суханрониҳои пурмазмун ҷамъбаст гардид.
ш. Левакант, 01.02.2025

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *