Маросими тақдими шаҳодатнома ба шунавандагони такмили ихтисос
04 феврали соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими тақдими шаҳодатнома ба шунавандагони такмили ихтисос аз рӯйи равияи “Маҳорати педагогӣ” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардида, дар он ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, директори Марказ Ширинзода Наҷмуддин Асомадин, инчунин директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Назарзода Маҳмуд Мирзо ва директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Амирбекзода Сино Амирбек, иштирок намуданд.
Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисос тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ аз 13 ноябри соли 2024, №180/Д ва №181 оид ба қабули шунавандагони курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, дар асоси нақшаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ, аз 04 декабри соли 2024 то 15 январи 2025 курси “1С муҳосиб”-ро ройгон баргузор намуд. Дар натиҷа, 17 нафар донишҷӯи Донишгоҳ бо сертификат сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, тибқи фармоиши директори Марказ, курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи “Маҳорати педагогӣ” барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 13 январи соли 2025 то 01 январи соли 2025 ташкил ва гузаронида шуд. Дар курси мазкур 40 нафар омӯзгор, аз ҷумла 20 нафар тариқи ройгон ва 20 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил намуда, бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардонида шуданд.