ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – ҚАДАМЕ БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ

5 феврали соли 2025 бо ибтикори «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ барои омодагӣ ба иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, бахусус Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ, баргузор гардид.
Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ ҳамасола бо ташаббуси Институти байналмилалии шабакавӣ (Федератсияи Россия) баргузор шуда, ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм равона шудааст.
Дар семинари омӯзишӣ Муродҷонов Хушнур – коршиноси Маркази пешгирии бехатарии молиявӣ ва саводнокии молиявии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ширкат варзида, иштирокчиёнро бо ҳадаф, вазифа ва нозукиҳои олимпиада шинос намуд.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои молия ва қарз, кори бонкӣ, ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон, инчунин хонандагони синфҳои 8 ва 9-и Литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, коршинос тарзи бақайдгирӣ дар платформаи байналмилалии “Иттиҳод”-ро амалан нишон дода, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.
Марҳилаҳои баргузории олимпиада:
🔹 Марҳилаи даъватӣ: 1 феврал – 28 феврали 2025 (бо забонҳои русӣ ва англисӣ).
🔹 Марҳилаи интихобӣ:
Даври 1: 31 март – 4 апрели 2025 (имтиҳони тестӣ).
Даври 2: 9 апрел – 15 апрели 2025 (имтиҳони тестӣ).
🔹 Марҳилаи ниҳоӣ: 1 август – 3 сентябри 2025, ки ба таври ҳузурӣ дар Федератсияи Россия доир мегардад.
Ғолибони олимпиада имкон пайдо мекунанд, ки донишҷӯи донишгоҳҳои аъзои Институти байналмилалии шабакавӣ гарданд ва барои таҷрибаомӯзӣ ба созмонҳои бонуфузи молиявӣ фиристода шаванд.
Барои иштирок дар олимпиада метавонед дар платформаи sodrujestvo.org/ru сабти ном карда, дар имтиҳонҳои марҳилавӣ ширкат варзед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *