ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ САЙЁҲӢ ВА МЕҲМОНДОРӢ

Дар доираи иштирок дар Биржаи байналмилалии сайёҳӣ (Borsa Internazionale del Turismo – 2025, Rho Fiera Milano), ки рӯзҳои 9-11 феврали соли 2025 дар шаҳри Милани Ҷумҳурии Италия баргузор гардида истодааст, ректори донишгоҳ, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ширкатҳои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ бо намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сайёҳиву хизматрасонӣ аз Италия ва дигар давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Кумитаи сайёҳӣ ва фарҳанги Сан-Марино, Малта, Уругвай ва шабакаи ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои MTM Travel & Events, Sunlux Viaggi ва Ferula Viaggi, масъалаҳои муҳим вобаста ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда донишҷӯёнро аз рӯйи равия ва самтҳои дахлдор ба таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаивазкунӣ ҷалб намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *