14 марти соли 2025, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети молия ва қарзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо рӯҳияи болида ва шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолии кишвар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд.
Чорабинии идона дар ду қисмат баргузор гардид. Қисмати аввал намоиши дастархони наврӯзӣ, омодасозии таомҳои миллӣ ва баргузории мусобиқаҳои варзиширо дар бар мегирифт. Қисмати дувум аз барномаи фарҳангӣ ва намоиши либосҳои миллӣ иборат буд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Зоирзода И.С., ҳозиринро аз номи роҳбарияти донишгоҳ бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфта, таъкид намуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурифтихортарин ҷашнҳои ниёгони мост, ки рамзи бедорӣ, эҳё ва оғози фасли баҳор маҳсуб ёфта, муждаи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва сулҳу суботро меорад. Ӯ афзуд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчун маркази илм ва навоварӣ, анъанаҳои бузурги Наврӯзро пос дошта, бо рӯҳияи наврӯзӣ барои рушди соҳаҳои илму маориф мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, декани факултет Раҳматзода Д., зимни сухани табрикотии худ, фазилатҳои неки Наврӯзро таъкид намуда, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро муҳим арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳёи ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси бузурги таърихии тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад. Ба андешаи ӯ, Пешвои миллат Наврӯзро на танҳо ҳамчун як ҷашн, балки ҳамчун оини ҳуввиятсоз ва василаи расидан ба худогоҳии миллӣ арзёбӣ менамоянд.
Чорабинии идона бо намоиши суннатҳои миллӣ, аз ҷумла омода намудани таомҳои наврӯзӣ ба мисли ҳафтсин, ҳафтшин ва суманакпазӣ, инчунин бо баргузории мусобиқаҳои варзишӣ идома ёфт. Донишҷӯён ва меҳмонон бо эҳсоси ифтихор аз таъриху фарҳанги ғании миллӣ дар ин ҷашни бошукӯҳ иштирок намуданд.