ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

15-уми март дар Институти сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона роҳбарони воҳидҳои сохтории донишгоҳ, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамчунин донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҳиндустон иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро оғоз бахшида, доир ба таъриху фазилатҳои неки Наврӯз, нақши он дар ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллии Тоҷикистон, инчунин сиёсати фарҳангии кишвар дар даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд. Ӯ ҳамчунин аз нақши Наврӯз дар эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва шукӯҳу шаҳомати байналмилалии ин ҷашни бостонӣ ёдовар шуд.
Барномаи фарҳангӣ ва ҳаҷвии донишҷӯён ба чорабинӣ рангу таровати тоза бахшида, фазои идонаро гарму самимӣ намуд. Дар гӯшаи намоиш, ки бо ибтикори маъмурияти Институти сайёҳӣ ташкил гардид, намунаи либосҳо ва ҳунарҳои дастии миллӣ, ки ифодагари таърих ва фарҳанги миллати тоҷиканд, ба тамошо гузошта шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни кишвари Ҳиндустон аз роҳбарияти донишгоҳ ва институт барои баргузории чунин ҳамоишҳои фарҳангӣ изҳори сипос намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Хабарҳо
Бештар