ШАҲОМАТИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДӢ ҶАҲОН ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛММИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ

Дар Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона доир гардид.
Дар ин ҳамоиши идона роҳбарият ва намояндагони донишгоҳ, аз ҷумла Шаропов Фарҳод – директори Институти иқтисодиёти сабз, Қаландарзода Гулру – муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ, Ҷуразода Хайринисо Ҳайдар – директори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони раёсатҳои таълим, илм ва тарбия иштирок доштанд.
Чорабиниро муовини директори институт Ҷамшед Абдиев ифтитоҳ намуда, сухани табрикотиро ба Шаропов Фарҳод дод. Сипас, Ҷуразода Хайринисо Ҳайдар бо баромади хеш ҳозиринро бо ин ҷашни бостонӣ табрик гуфтанд.
Қисмати фарҳангии барнома бо шеъру сурудҳои омоданамудаи донишҷӯён, рақс ва намоиши либосҳои миллӣ ранги идона гирифт.
Бо ибтикори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ “Деҳаи Наврӯзӣ” бунёд гардид, ки дар он дастархони идона бо таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни кишвар, шеърхонии гулдухтарон, маҳорати бофандагиву ресандагӣ, намоиши ҳунарҳои заргариву кулолгарӣ, бозии шоҳмоту шашка, гуштингирӣ, аспсаворӣ ва дигар анъанаҳои наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби комиссияи босалоҳият баҳои баланд гирифт ва ҳамчун яке аз барномаҳои хотирмони ҷашни Наврӯз дар донишгоҳ пазируфта шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Хабарҳо
Бештар