ОЗМУНИ ЗЕҲНИИ МИНТАҚАВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БАРГУЗОР ШУД

09 апрели соли 2025 бо ташаббуси маъмурияти Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни зеҳнии минтақавӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории тоҷикон” баргузор гардид.
Дар озмун хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки барои иштирок дар олимпиадаи минтақавӣ ба шаҳри Левакант ташриф оварда буданд, ширкат варзиданд.
Дар доираи баргузории озмун ҳамчунин барои иштирокчиён боздиди таълимӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташкил карда шуд. Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихии ҷавонон ва таҳкими худшиносии миллӣ амалӣ гардид.
Ба ғолибони озмун, ки дар ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм қарор гирифтанд, дипломҳои дараҷаҳои 1, 2 ва 3 тақдим шуда, ҳамзамон имтиёзҳои муайян дар сурати дохилшавӣ ба муассисаҳои зертобеи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
ш. Левакант, 09.04.2025

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Хабарҳо
Бештар