ОЗМУНИ “КАДБОНУ БЕҲТАРИН ” ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

10 апрели соли 2025 бо ташаббуси Шӯрои кор бо занон ва духтарон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор шуд. Дар озмуни мазкур 7 нафар духтарони фаъол аз байни донишҷӯёни факултетҳо ва литсейи касбии дӯзандагии назди донишгоҳ ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун ҷалби духтарони боҳунар ба фаъолиятҳои хонадорӣ, эҳёи таомҳои миллии анъанавӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Иштирокчиён маҳорати худро дар самти омода намудани таом ва хӯришҳо, кор бо хамир, буридани он, тарзи дурусти нигоҳубини кӯдаки навзод, инчунин посух ба саволҳо оид ба ҳаёти рӯзмарра ва масоили хонадорӣ нишон доданд.
Дар озмун меҳмонони олиқадр — Дилфуза Давронова, сармутахассиси раёсати ҳуқуқ, кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавҷигул Ҷӯраева, сармутахассиси шӯъбаи коргузорӣ ва назорат ва Гуландом Рустамова, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони русии донишгоҳ, ширкат варзида, ба маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд.
Дар натиҷа, ҷойи аввал насиби донишҷӯи курси якуми факултети педагогӣ-гуманитарӣ — Ҷуразода Муаттар гардид. Ҷойи дуюмро донишҷӯи курси дуюми факултети технологияи рақамӣ — Парвинзода Абруниссо соҳиб шуд ва ҷойи сеюм ба Ҳусейнзода Маҳина — донишҷӯи факултети молия ва қарз, марбут дониста шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ғолибон ва занони фаъоли донишгоҳ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *