БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ ТАТБИҚИ САМАРАНОКИИ НИЗОМНОМАИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ ДАР ДБССТ

Ҷиҳати иҷрои банди 10-и пртоколи маҷлиси назорати назди ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (аз 03.02.2025) санаи 15.02.2025 бо ташаббуси Раёсати рушди стратегӣ ва идоракунии сифат дар якҷоягӣ бо Раёсати таълим ва Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ семинари омӯзишӣ доир ба масъалаи “Татбиқи самараноки Низомномаи низоми кредитии таҳсилот” баргузор гардид. Доир ба мавзуъи болозикр директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р. баромад намуданд.
Дар баромади худ мавсуф дар атрофи баъзе аз масъалаҳои муҳимми Низомномаи низоми кредитии таҳсилот аз қабили тибқи тартиб гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, таҳсилоти сиклӣ, лексияҳо, КМРУ, КМД, нақшаҳои таълимӣ, нақшаҳои инфиродии таълимӣ, нақшаҳои кории таълимӣ, аппелятсия, трисеместр, қабули имтиҳон, усулҳои таълим, тавсияҳои методӣ ва дигар масоили марбут ба ин изҳори ақида карданд.
Дар қисмати музокираи семинар саволу ҷавоб сурат гирифта, ҳозирин андешаҳои худро доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда иброз намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *