Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимон бо иштироки мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2026 мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи донишгоҳ муайян гардиданд.
Зимни ироаи ҳисобот таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии ҳадафҳои стратегии муассиса ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Аз дастовардҳои муҳими шашмоҳаи аввал баргузории нахустин Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» арзёбӣ гардид, ки олимону коршиносонро аз беш аз 80 кишвари ҷаҳон муттаҳид намуда, барои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди шабакаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳамзамон, дар доираи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» як қатор форумҳои байналмилалӣ баргузор гардида, байни донишгоҳ ва Донишкадаи масъалаҳои об, муҳити зист ва тандурустии Созмони Милали Муттаҳид созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ҳисобот махсус таъкид шуд, ки бо ворид намудани тағйирот ба Оинномаи муассиса дар сохтори донишгоҳ Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия ва Академияи сайёҳӣ таъсис дода шуда, барои рушди самтҳои афзалиятноки таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи нав фароҳам омад.
Дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз низ донишгоҳ ба натиҷаҳои муҳим ноил гардид. Ба истифода додани неругоҳи офтобии иқтидораш 150 кВт ва интихоб гардидани донишгоҳ ҳамчун ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии GreenMetric аз дастовардҳои муҳими давраи ҳисоботӣ арзёбӣ шуданд.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, рақамикунонии пурраи равандҳои идоракунӣ, густариши низоми гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, тақвияти фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ, баланд бардоштани иқтидори илмии ҳайати омӯзгорон, беҳтар намудани сифати таҳсилот ва тақвияти иштироки донишгоҳ дар рейтингҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарони ҳамаи воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати татбиқи саривақтии вазифаҳои гузошташуда, таҳкими мавқеи донишгоҳ ҳамчун «Донишгоҳи устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», рушди фаъолияти илмию инноватсионӣ, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии муассиса дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа як гурӯҳ омӯзгорону кормандони фаъоли Донишгоҳ барои саҳми арзанда дар рушди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ бо сипосномаҳо ва мукофотҳои раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

















































































