26 июни соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз гардида, зимни он аҳамияти таърихии қабули қатъномаи мазкур ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии сулҳпарварона мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки қабули ин қатънома дар арсаи байналмилалӣ боз як дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷойгоҳи кишварро ҳамчун ташаббускори масъалаҳои сулҳ, амният ва ҳамкории созанда дар ҷаҳон боз ҳам таҳким мебахшад.
Дар идомаи ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло оид ба аҳамияти стратегии ташаббуси нави Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ миёни наслҳои ҷавон андешаронӣ намуд.
Сипас, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз Қодир доир ба нақши дипломатияи сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон, аҳамияти қабули қатъномаи мазкур барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва саҳми кишвар дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ суханронӣ кард.
Ҳамчунин, узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар зимни баромади худ масъалаҳои ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳкими арзишҳои шаҳрвандӣ ва нақши ҷавононро дар татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» мавриди таҳлил қарор дод.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш иштирокчиён таъкид намуданд, ки қабули қатъномаи мазкур дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эътирофи навбатии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими фарҳанги сулҳ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва таҳкими амнияту суботи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамоиш бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои илмӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардид.







































