Дар ҳошияи татбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, рушди сармояи инсонӣ ва густариши шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия дотсент Ҷабборзода Ф.А. бо роҳбарияти ширкати технологияҳои таълимии «Шандун Таҷиан» мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, ҷалб ваи роҳандозии барномаи таҳсили донишҷӯёну хонандагони чинӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил дар Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки татбиқи ташаббуси мазкур бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ ва ватанӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди муҳити байналмилалии таҳсилот ва таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф ва илм мусоидат хоҳад намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳияи санадҳои дахлдор барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда иброз намуданд.














