МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ МАРКАЗИИ ЧИН

29 июли соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вохӯрии ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Асрорзода бо ҳайати расмии Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин баргузор гардид.

Ҳайати меҳмононро муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин профессор Ло Лянгун роҳбарӣ намуда, дар ҳайати он роҳбарону намояндагони марказҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, мактаби тарбияи ҷисмонӣ, Бюрои хизматрасонии ҳайати дипломатии Пекин, Ассотсиатсияи чиниҳои бурунмарзии музофоти Ҳунан, инчунин омӯзгорон ва 17 нафар донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба рушди робитаҳои илмию таълимӣ, мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён, амалисозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, варзиши сайёҳӣ, инчунин таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода меҳмононро бо дастовардҳои донишгоҳ, раванди байналмилаликунонии таҳсилот, татбиқи барномаҳои таълимӣ бо забонҳои хориҷӣ, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон, иштироки донишгоҳ дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ шинос намуд.

Дар навбати худ, роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуда, ба роҳ мондани барномаҳои табодули академӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат, лагерҳои тобистонаву зимистона, гузаронидани тадқиқоти муштарак, табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин баргузории чорабиниҳои муштараки илмию таълимӣ ва варзиширо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.

Дар доираи сафари ҳайат меҳмонон аз инфрасохтори донишгоҳ боздид намуда, бо имкониятҳои таълимӣ ва илмӣ муассиса аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин намоиши ҳунари ушуи анъанавии Чин (Chinese Wushu), бозии дӯстонаи футбол байни намояндагони ду донишгоҳ ва маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор гардид, ки рамзи таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои мулоқот барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи таҳсилот ва илм заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди муносибатҳои байни ду муассисаи таълимӣ мусоидат хоҳад намуд.

Comments are closed.