КАФЕДРАИ БАРНОМАСОЗӢ ВА НИЗОМҲОИ ЗЕҲНӢ
Маълумот дар бораи кафедра:
Кафедраи барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ бо қарори Шӯрои Олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз августи соли 2022 дар асоси ба ду кафедраи системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёт ҷудо кардани Кафедраи барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ, таъсис дода шудааст.
Дар ҳайати кафедра 9 нафар устодон фаъолият мекунанд, ки як нафар доктори илм, 5 нафар дорои унвони номзади илм буда, 3 нафари дигарашон дар арафаи рисолаи номзадӣ мебошанд: докторон – 1 нафар; дотсентон –5 нафар; устодони калон – 2 нафар; ассистентон – 1 нафар.
Имрӯз дар кафедраи барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ зиёда аз 20 фанҳои таълимӣ ба донишҷӯён таълим дода мешаванд. Ин фанҳо Асосҳои WЕВ-дизайн, Низоми идоракунии базаи маълумотҳо, Балоиҳагирии низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Барномасозии офисӣ, Бехатарии иттилоотӣ, Бехатарии низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Графикаи компютерӣ, Забонҳои барномасозӣ (BVA, С++, Сsharp, РНР ва ғайраҳо), Менеҷменти иттилоотӣ, Мошинҳои ҳисоббарорӣ, шабака ва системаҳои телекоммукатсионӣ, Радиоэлектроника, Системаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ, Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Таҳияи системаҳои иттилотии амалӣ дар иқтисодиёт, Технологияи барномасозӣ, Технологияи чандрасонагӣ, Технологияи иттилоотӣ ва тайёр кардани санадҳои электронӣ, Тиҷорати электронӣ ва ғайра. Дониши назариявие, ки донишҷӯ аз худ мекунад бо корҳои амалӣ ва лабораторӣ мустаҳкам карда мешавад. Ҳамаи ин аз хуб ба роҳ мондани таълим ва доштани имкониятҳои техникӣ ва лабораторияҳои компютерӣ мебошад, ки аз тарафи донишкада ва кафедра муҳаё карда шудааст. Дар тобеияти кафедра 6 лабораторияи компютерӣ мавҷуд дорад, ки бо зиёда аз 400 компютерҳои наву замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Ҳамаи компютерҳои дар кафедра буда, бо шабакаи саросарии Интернет пайваст буда барои устодону донишҷӯён шароити хуби дастрасӣ бо маводҳи таълимиро муҳайё месозад. Дар кафедра ҳамаи устодон дарсҳои лексионӣ ва лабораториро тариқи ноутбук ва проекторҳои электронӣ мегузаранд. Ин ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ буда, сатҳи донишандӯзии мутахасиссонро (бакалавр, магистр) дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба дараҷаи зарурӣ баланд мебардорад. Мақсади асосии кафедра омода намудани мутахассисони ботаҷриба буда, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки барои самаранок истифодабарии технологияҳои информатсионии ҳозиразамон ва автоматикунонии раванди фаолияти корхона, мутахассисони беҳтаринро ҷалб намояд.