КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ: МУАММОҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

25 январи соли 2025 бо ибтикори Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Муаммоҳо ва дурнамоҳои рушди соҳибкорӣ дар иқтисоди миллӣ” дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 баргузор гардид.
Конфронси мазкур бо мақсади таҳлили вазъи кунунии соҳибкорӣ, муаммоҳо ва афзалиятҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, инчунин пешниҳоди роҳҳои амалии рушди устувори соҳибкорӣ ташкил гардид.
Конфронс бо иштироки донишмандони соҳа, намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва намояндагони ташкилотҳои молиявӣ ва давлатӣ баргузор гардид.
Дар рафти конфронс, иштирокчиён вобаста ба заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва технологӣ, ки метавонанд дар рушди соҳибкорӣ таъсир гузоранд, маърӯза намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *