БАРГУЗОРИИ ЛЕКСИЯИ АКАДЕМӢ БО ИШТИРОКИ ПРОФЕССОРИ АКАДЕМИЯИ АДОЛАТИ СУДИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ДБССТ

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар факултети ҳуқуқи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки Мухитдинова Фарруха Фахритдиновна – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори Академияи адолати судии Ҷумҳурии Ӯзбекистон лексияи академӣ баргузор гардид.

Лексияи мазкур ба таҳкими донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, шиносоии онҳо бо таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва рушди малакаҳои таҳлили масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ равона гардид.

Дар доираи машғулият масъалаҳои муҳими рушди низоми ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории миллӣ, таҳкими волоияти қонун, таъмини адолати судӣ ва нақши мақомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Профессор Мухитдинова Фарруха Фахритдиновна зимни лексия ба масъалаҳои назариявӣ ва амалии татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, аҳаммияти мустақилияти ҳокимияти судӣ, кафолатҳои ҳуқуқии таъмини адолати судӣ ва нақши ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти такмили низоми судӣ, рушди механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти адолати судӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ислоҳоти ҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни лексия донишҷӯёни факултети ҳуқуқ имконият пайдо намуданд, ки бо равишҳои муосири таҳқиқоти ҳуқуқӣ, таҷрибаи илмӣ ва таълимии олими хориҷӣ ва масъалаҳои мубрами рушди низоми судию ҳуқуқӣ шинос гардида, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ мубодилаи афкор намоянд.

Баргузории чунин лексияҳои академӣ бо иштироки олимону профессорони хориҷӣ барои таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, рушди тафаккури интиқодию таҳлилӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҳуқуқшиносони оянда аҳаммияти муҳим дорад.

Қобили зикр аст, ки ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ ба раванди таълим яке аз самтҳои муҳими байналмилаликунонии фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ ва таҳкими робитаҳои академӣ мусоидат менамояд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкили лексияҳои академӣ, дарсҳои намунавӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар