ЯК КАМАРБАНД – ЯК РОҲ. Дар доираи ташаббуси мазкур дар шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси байналмилалӣ доир ба табодули академии донишгоҳҳои Чин ва кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронси байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи иштирок дар чорабинии мазкур, роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои хориҷӣ бо тартиби “1:1” вохӯрӣ доир намуда, самтҳои ҳамкории донишгоҳро бо муассисаҳои иштирокдори конфронс баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масоили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, самтҳои ба даст овардани бурсияҳои таҳсилотии муассисаҳои таълимии Чин, иштироки донишҷӯён дар курсҳои забономӯзӣ, легерҳои зимистонаву тобистона, баргузории чорабиниҳо ва лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.