Эълон: Ҳамоҳангсози лоиҳа

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Кишвар:Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа:Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ
Бахш:Маориф
Хизматрасониҳои машаваратии инфиродӣ:Ҳамоҳангсози лоиҳа
Навъи маблағгузорӣ:Қарзи Бонки Исломии Рушд
Рақами лоиҳа:TJK1048

Бонки Исломии Рушд маблағгузориро ба маблағи 13,95 миллион доллари ИМА барои Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ тасдиқ намудааст ва азм дорад қисме аз ин маблағро барои пардохтҳои қобили қабул тибқи шартномаи хидматрасонии мушовири инфиродӣ истифода намояд, ки вобаста ба он дархости мазкур барои изҳори ҳавасмандӣ нашр гардидааст.

Ҳадафи лоиҳа – беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи мазкур тавассути муосиргардонии инфрасохтори муассисаи мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ ва таҳким бахшидани иқтидори он барои анҷом додани нақши марказ (ҳаб) дар самти таҳсилоти соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар минтақа амалӣ мегардад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.

Хизматрасониҳо идоракунии ҳамарӯзаи лоиҳа, таъмини иҷрои саривақтии ҳамаи чорабиниҳои лоиҳа мувофиқи созишномаҳои ҳуқуқӣ, қоидаҳои харид ва идоракунии молиявии Бонки Исломии Рушд, Дастурамали амалисозии лоиҳа, аз ҷумла ҷадвали тарҳрезӣ ва татбиқ, инчунин Нақшаи уҳдадориҳои экологӣ ва иҷтимоӣ (ESCP), ҳамкории зич бо Агентии иҷроия ва дигар шарикони татбиқи лоиҳаро дар бар мегирад.

Ҳаҷми тахминии кор 60 (шаст) моҳро ташкил медиҳад.

Санаи пешбинишудаи оғози супориш марти соли 2026 мебошад.

Тафсилоти пурраи вазифаҳои техникӣ (ToR) барои супориши мазкур дар истиноди зерин: https://iutet.tj/ҳамоҳангсози-лоиҳа/ дастрас буда, инчунин онҳоро тибқи суроғаи дар поён зикршуда пайдо намудан мумкин аст.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии ва соҳибкории Тоҷикистон аз мушовирони салоҳиятнок («мушовирони инфиродӣ») даъват ба амал меорад, то ҳавасмандии худро барои пешниҳоди хизматрасонӣ иброз намоянд. Мушовирони хоҳишманд бояд маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд, ки соҳибихтисос будани онҳоро барои иҷрои хизматрасониҳои пешбинишуда пурра намояд.

Пас аз арзёбии тарҷумаи ҳол (CV) ва маълумоти иловагии пешниҳодгардида дар посух ба ҳамин Эълони изҳори ҳавасмандӣ, аз ҷумла тавсияномаҳо, рӯйхати кӯтоҳ тартиб дода мешавад.

Аз довталабони иқтидорӣ талаб карда мешавад, ки маълумотро дар бораи малакаҳои умумии касбӣ ҳамчун мушовири инфиродӣ, таҷрибаи корӣ дар самти мувофиқ, таҷрибаи фаъолият дар соҳаи мазкур, инчунин донистани забонҳо пешниҳод намоянд.

Мушовир тибқи усули интихоб, ки нисбат ба мушовирони инфиродӣ татбиқ мегардад ва тавре дар “Роҳнамо доир ба харидории хизматрасониҳои маслиҳатӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд” (нашри апрели соли 2019, таҳрири феврали соли 2023) муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

Талаботи ҳадди ақали тахассусӣ:

  • Маълумоти олии касбӣдар соҳаи идоракунӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисод, маориф ё соҳаҳои марбута (на камтар аз дараҷаи магистр);
  • Таҷрибаи идоракуниидастаҳои касбии бисёрсамта на камтар аз 8 сол, афзалиятан дар соҳаи таҳсилоти олӣ;
  • Ба таҷрибаи на камтар аз 5 солаи идоракунии лоиҳаҳои бо маблағгузории донорон амалишаванда, махсусан дар бахши маориф афзалият дода мешавад;
  • Дониш ва таҷрибаи хубдар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Дониши хуби давраи ҳаётии лоиҳа, харид ва идоракунии молиявӣ;
  • Қобилияти фикрронии стратегиибаланд ва табдил додани ғояҳо ба нақша ва амал;
  • Маҳорати хуби муоширати шифоҳӣ ва таҳияи ҳисоботҳо;
  • Маҳорати баланд дар идоракунии кормандон ва ҳамоҳангсозии фаъолият;
  • Малакаҳои аълои хаттӣ ва муоширатишифоҳӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;Донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;
  • Дониши хуби компютерӣ:Windows, MS Excel, Word ва қобилияти зуд азхуд намудани низомҳои нав.

Ба мушовирони инфиродии хоҳишманд тавсия дода мешавад, ки бо бандҳои 1.12.1 ва 1.12.2 “Роҳнамо доир ба харидории хизматрасониҳои маслиҳатӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд” (нашри апрели соли 2019, таҳрири феврали соли 2023) шинос гарданд, ки дар он сиёсати Бонки Исломии Рушд оид ба ихтилофи манфиатҳо баён шудааст. Мушовирони инфиродии хоҳишманд аз рӯйи нишонии дар поён овардашуда, дар вақти корӣ, яъне аз соати 08:00 то 17:00 (бо вақти маҳаллӣ), маълумоти иловагӣ дастрас карда метавонанд.

Изҳори ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ, ҳамроҳ бо тарҷумаи ҳол (CV) ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ (шахсан ё тавассути почтаи электронӣ) ба нишонии дар поён зикршуда, на дертар аз17:00, 9 феврали 2026, пешниҳод карда шаванд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи: проф. Асрорзода Убайдулло Саттор

хиёбони Борбад 48/5, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992 37 234 88 02

Почтаи электронӣ: dsx_ips@mail.ru, нусха ба iutetiro.tj@gmail.com, idbroa@isdb.org

Сомона: http://www.iutet.tj

Comments are closed.