Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 18 апрели соли 2026 Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд»-ро баргузор менамояд.
Форум платформаи бисёрзинагии байналмилалӣ мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди сабз, гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳо ва қарорҳои “ҳушманд”-ро муттаҳид месозад.
Дар доираи Форуми мазкур гузаронидани саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, инчунин чорабиниҳои дигари канорӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Таваҷҷуҳи махсус дар барномаи Форум ба чорабиниҳое бахшида мешаванд, ки ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи эътироф шудаанд.
Барои иштирок дар Форум роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳайати дипломатӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, васоити ахбори омма, ҷомеаи коршиносон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин гурӯҳҳои ташаббускори ҷавонон даъват карда мешаванд.
Форум ба тақвияти ҳамкориҳои устувори байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва соҳибкорӣ, рушди ҷавонон ва навовариҳо, инчунин таҳкими нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази эътирофгардидаи минтақавӣ ва байналмилалии рушди устувор равона гардидааст.
Маълумоти муфассалро метавонед дар саҳифаи расмии Форум дастрас намоед:
https://forum.iutet.tj








