Қоидаҳои тақриз

Меню Бар
Синий Дизайн Списка

Дар бораи маҷалла

ҚОИДАҲОИ ТАҚРИЗ ШУДАНИ МАҚОЛАҲОИ ВОРИДШУДА

Ҳар як мақолае, ки ба идораи маҷаллаи «МАСОИЛИ МУБРАМИ ДАВЛАТ, ҶОМЕА ВА ҲУҚУҚИ МУОСИР» ворид мегардад, ҳатман тақриз мешавад. Ин раванд ба муаллифон ва барои муқарризон махфӣ боқӣ мемонад. Ба сифати муқарриз идораи маҷалла аз ҳисоби ҳайати таҳририя ва берун аз онро ҷалб менамояд. Бояд муқарриз дорои унувони илмии номзади илм ё доктори илми иқтисодӣ, ва дар ҳолати зарурӣ таҷрибаи баланд дар соҳиаи иқтисодиёт дошта бошад.
1. Баъди қабули мақола ба қайд гирифта мешавад, ҳайати таҳририя баррасӣ менамоянд, баъдан ба муқарризи соҳавӣ фиристода мешавад. Муқарриз бояд аз рӯи хусусиятҳои зерин арзёбӣ намояд:
– сатҳи илмии мавод;
– муҳимияти масъалагузорӣ;
– навгонӣ ва иттиллоотӣ;
– мувофиқати миқдор оид ба интихоби мавзӯъ ва талаботи таҳририя.
2. Мақола аз ҷониби муқарриз дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ мегардад ва тавассути мактуб ба шакли тақриз ба идораи маҷалла бо назардошти талаботҳои зерин баргардонида мешавад:
– мавҷудияти хатогиҳо ва плагиат;
– маводро чоп кардан мумкин аст ё не;
– мавод бори дуввум ба тақриз фиристода шавад ё не (бо нишондоди муқарризони мавҷуда);
– мавод рад карда шавад (бо пешниҳоди раддия).
3. Ҳангоми ба даст овардани пешниҳоди мусбӣ «баъди коркард нашр карда шавад…» бояд иловаҳо қайд карда шавад (қайдҳо характери пешниҳодотӣ дошта бошанд).
4. Дар ҳолати мувофиқ набудани пешниҳоди муқарриз бо муаллиф, муаллиф метавонад ба идораи маҷалла ҷавоби аргументӣ пешниҳод намояд. Мақола бо тағйиротҳои дар асоси қайдҳо такроран ба муқарриз фиристода мешавад. Агар дар ин ҳолат фикру андешаҳои муаллиф ва муқарриз мувофиқ ояд, мақола ба нашр пешниҳод карда мешавад.