Дар доираи дастури ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор омодагии Филиал ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба соли нави таҳсил аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди санҷиши навбатӣ қарор дода шуд.
Гурӯҳи корӣ зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ва лабораторияҳои фаннӣ маълум намуд, ки муассисаҳои мазкур ба соли нави таҳсил пурра омода мебошанд.
Ҳамзамон, зимни ҷаласаи корӣ бо омӯзгорон ва кормандони Филиал ва Литсейи болозикр масъалаҳо вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти фаъолияти илмӣ-инноватсинӣ, тарбиявӣ, дар доираи шартномаҳои амалкунанда бо шарикони хориҷӣ дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ ва вусъати корҳои ободонӣ баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бобати иҷрои дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ вобаста ба рушди самтҳои мухталифи фаъолияти муассисаҳои мазкур аз 28 июли соли 2022, Нақшаи чорабиниҳои бартараф намудани камбудиҳо аз ҷониби масъулин таҳия ва тасдиқ гардида буд, ки айни замон беш аз 80% корҳо иҷро гардидаанд.

Leave a Comment