Дар заминаи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 13 то 18 октябри соли равон баргузор гардида истодааст, санаи 14 октябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Аз захираҳои замину об то амнияти озуқаворӣ: рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Конференсия бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Лейбнитси Ҳанновер ба номи Готфрид Вилҳелм (Олмон) баргузор шуд.
Бо сухани табрикӣ муовини Ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Зулфия Қурбонзода ва директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Фарҳод Шарофзода баромад намуда, ҳадафи асосии чорабиниро баррасии масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои замину об, ҳифзи хок, пешгирии таназзули замин, мутобиқшавии соҳаи кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими амнияти озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон, Олмон, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи худро дар самти рушди устувори кишоварзӣ пешниҳод карданд. Аз ҷумла, директори иҷроияи Шуъбаи хокшиносии Институти илм дар бораи системаи Замини Донишгоҳи Лейбнитси Ҳанновер (Олмон) «Хок дар робитаи мутақобилаи сифати муҳити зист: амнияти озуқаворӣ ва саломатии инсон», профессор Ҷорҷ Гугенбергер, мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозияи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон «Таназзули замин ва роҳҳои пешгирии он дар Тоҷикистон», профессор Шариф Аминов, муовини директори Институти Русия ва Авруосиёи Донишгоҳи омӯзгории Чини Шарқӣ «Дурнамои ҳамкориҳои Чин ва Осиёи Марказӣ дар рушди устувори кишоварзӣ», профессор Ван Хайян, мудири лаборатория-маркази пажуҳишҳои муқоисаии «Русия – Осиёи Марказӣ»-и Донишгоҳи давлатии иқтисод ва идоракунии Новосибирск «Пойдорӣ чӣ гуна эҷод мешавад? Аз таҷрибаи кишоварзон ба механизмҳои ниҳодии созгор ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ», доктор Денис Борисов, устоди Институти пажуҳиши рушди «Гирӣ» (Ҳиндустон) «Амнияти озуқаворӣ ва осебпазирии зиндагӣ дар шароити фишори иқлимӣ: Равиши амнияти инсонӣ дар Осиёи Марказӣ», доктор Читтаранҷан Сенапатӣ, ходими калони илмии Шуъбаи хокшиносии Институти илмҳои низоми Замини Донишгоҳи Лейбнитси Ҳанновер (Олмон) «Аз таназзул то беҳдошти хок: тавонмандисозӣ барои кишоварзии устувор дар Осиёи Марказӣ», профессор Олга Шибистова, мудири Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология и генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Нақши селексияи растаниҳо дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ дар шароити Тоҷикистон», профессор Қурбоналӣ Партоев,муҳандис-ҷангалдори гувоҳномадор, роҳбари Шуъбаи ҷангалдорӣ ва ҳифзи олами ваҳшии Раёсати ҷангалдории Турингия (Олмон) “Шикор ва идоракунии устувори олами ваҳшӣ дар Олмон”, ҷаноб Мартин Балке, узви Форуми занони ҳавзаи руди Кофарниҳон «Обшавии пиряхҳо дар ҳавзаи руди Кофарниҳон: сабабҳо, паёмадҳо ва дурнамои захираҳои обии Тоҷикистон», хонум Ҳусноро Саидова ва менеҷери рушди туризм (Олмон) “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ дар минтақаи куҳии Гармиш-Партенкирхен”, хонум Натали Остерфелд бо маърузаҳои илмӣ баромад карданд.
Барномаи илмии конференсия фарогири масъалаҳои беҳдошти хок ва фаъолияти экосистемаҳо, роҳҳои пешгирии таназзули замин, дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ, нақши селексияи растаниҳо дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъсири обшавии пиряхҳо ба захираҳои обӣ ва осебпазирии амнияти озуқаворӣ дар шароити фишорҳои иқлимӣ мебошад.
Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои таҳияи механизмҳои муассири мутобиқшавии кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмии минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид мешавад, ки тағйирёбии иқлим, таназзули захираҳои замину об ва афзоиши талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави таъмини амнияти озуқавориро тақозо менамоянд. Дар ин замина, ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо дар таҳияи тавсияҳои илмӣ ва амалӣ барои рушди кишоварзии устувор аҳаммияти махсус дорад.
Натиҷаҳои конференсия ба густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок барои рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ




















