Дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 13 то 18 октябри соли равон баргузор гардида истодааст, санаи 14 октябр дар толори маҷлисгоҳи муассиса конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Механизмҳои молиявӣ ва сармоягузории рушди сайёҳии устувор» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии конфронс баррасии роҳҳои ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, такмили механизмҳои маблағгузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди устувори соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Дар кори конфронс муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Қаландарзода Гулрӯ Сафар, намояндагони сохторҳои давлатӣ – муовини сардори раёсати таъмини ҳуқуқии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров С.З., муовини сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Манонзода М., созмонҳои байналмиллалӣ – раиси «Дом БРИКС» дар Ҷумҳурии Тотористон, эксперти мустақими СММ оид ба масъалаҳои гендерӣ Михайлова В.В., муассисаҳои молиявӣ – д.и.и., мудири шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шарифзода Б.М., сармоягузорону коршиносон ва муҳаққиқони соҳа – сардори шуъбаи таҳлил ва сармоягузории Фонди бозтамвил Ҷӯраев Б.М., д.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти сайёҳии ИИТСС Ёров Ҷ.Н., директори Маркази рушди устувори Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошкант Газиева С.С., RSI “Гарант”, роҳбари самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ВЭД) Хафизов И.И., профессори Донишгоҳи Тойо (Toyo University) Султонов М. (тариқи онлайн), инчунин берун аз барномаи конфронс ду нафар меҳмонон Мухаммад эл Бейн аз Египет (ҳузурӣ) ва профессори университети Коти Япония Ҳироси Ниино (тариқи онлайн) баромад намуда, масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори сайёҳӣ, дастгирии соҳибкорӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар кори Конфронс, инчунин намояндагони бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Бонки милли Тоҷикистон, Бонки Ҳумо, Спитаменбонк ва Эсхата низ ҳузур доштанд. Дар баробари меҳмонон зиёда аз 40 нафар кормандону омӯзгорони факултети молия ва кори бонкии Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни конфронс таъкид гардид, ки рушди устувори сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат ва ташаккули муҳити мусоиди соҳибкорӣ аҳаммияти махсус доранд.
Иштирокчиён доир ба имкониятҳои истифодаи механизмҳои гуногуни маблағгузорӣ, аз ҷумла шарикии давлат ва бахши хусусӣ, қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, сармоягузории мустақим, маблағгузории сабз ва дигар воситаҳои инноватсионии молиявӣ мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки истифодаи чунин механизмҳо метавонад барои бунёду навсозии инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳо, рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии ташаббусҳои маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани шаффофияти равандҳои сармоягузорӣ, таҳияи лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок, коҳиш додани хавфҳои молиявӣ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои экологию иҷтимоӣ дар татбиқи барномаҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иштирокчиёни конфронс аҳаммияти ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ, иқдомҳои бахши хусусӣ ва барномаҳои созмонҳои байналмилалиро дар самти ташаккули низоми самараноки сармоягузорӣ таъкид намуданд. Ба андешаи онҳо, ҳамкориҳои васеъ метавонанд барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак имкониятҳои нав фароҳам созанд.
Конфронс барои баррасии таҷрибаи байналмилалӣ, муайян намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳо миёни ҷонибҳои манфиатдор заминаи мусоид фароҳам овард. Иштирокчиён зарурати таҳияи барномаҳои муштараки сармоягузорӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти молиявӣ, рушди иқтидори соҳибкорон ва баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳаи сайёҳиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми ҷорабинӣ таъкид гардид, ки истифодаи самараноки механизмҳои молиявӣ ва ҷалби сармоягузориҳои мақсаднок метавонанд дар баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми назаррас гузоранд.
Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои тақвияти муколамаи созанда миёни давлат, бахши хусусӣ, муассисаҳои молиявӣ ва шарикони рушд, инчунин барои ташаккули равишҳои нави маблағгузории соҳаи сайёҳӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Конфронси байналмилалии «Механизмҳои молиявӣ ва сармоягузории рушди сайёҳии устувор» дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои касбӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби сармоя ва пешбурди рӯзномаи рушди устувори сайёҳӣ арзёбӣ гардид.
Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур фарогир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд ташкил гардида, ба минбари муҳимми муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар табдил ёфт.
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Дар доираи форум баргузории чунин чорабиниҳо ба баррасии самтҳои афзалиятноки рушди соҳа, аз ҷумла сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосир мусоидат менамояд.














