КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР» БАРГУЗОР ГАРДИД

Чорабинии марказии илмии Экспедитсияи илмию сайёҳии байналмилалӣ “Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон” дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯзҳои 13-18 октябри соли 2026 баргузор гардида истодааст, Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» маҳсуб меёбад. Ҳадафи конференсия баррасии имкониятҳои технологияҳои нав дар рушди сайёҳии устувор, таҳлили таҷрибаи татбиқи зеҳни сунъӣ ва ҳалли рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар маркази муҳокимаҳо масъалаҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ барои муаррифии захираҳои сайёҳӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ қарор гирифтанд.

Дар қисми ифтитоҳии конференсия Носирзода Умедҷон – раиси ноҳияи Дарвоз, Ҳайдаршо Акбаров – собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Самиро Бамешки (Samiro Bameshki) – намояндаи Донишгоҳи Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи “Аҳаммияти ҳифзи забони форсӣ дар замони рушди технология” баромад намуданд.

Қисми илмӣ-амалии конференсия ба маърӯзаҳо, табодули таҷриба ва баррасии масъалаҳои мубрами рушди сайёҳии устувор, татбиқи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ, инчунин ҳифзу рақамикунонии мероси фарҳангӣ бахшида шуд. Аз ҷумла, бо маърӯзаҳои илмӣ суханронии Олга Вячеславовна Пирогова – Президенти Академияи сайёҳӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, Виктория Владимировна – намояндаи Хонаи БРИКС дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия, Каймарз Боғбонӣ – нависандаи эронитабор аз Финландия, профессор Файз Маҳмудов – коршиноси мероси хаттӣ, намояндаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва Саидов Муҳаммадалӣ – бунёдгузори Донишгоҳи Тӯрон (Ӯзбекистон) суханронӣ намуданд. Пас аз маърӯзаҳо муҳокимаи масъалаҳои пешниҳодшуда, саволу ҷавоб ва ироаи пешниҳодҳои иштирокчиён пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳии устувор ва хизматрасониҳои интеллектуалии сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва трансформатсияи рақамии соҳаи сайёҳӣ, рақамикунонии мероси фарҳангӣ ва табиӣ, харитаҳои рақамӣ ва платформаҳои сайёҳӣ, истифодаи AI, GIS, Big Data, IoT, VR ва AR дар таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии объектҳои сайёҳӣ, сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва фарҳангӣ ҳамчун омили рушди устувори минтақаҳо, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодаи технологияҳои нав дар муаррифии он, нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ, соҳибкорӣ ва инноватсия дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои рақамӣ ва ташаккули малакаҳои муосир барои соҳаи сайёҳӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамои рушди сайёҳии устувор дар кишварҳои Роҳи Бузурги Абрешим.

Баррасии ин масъалаҳо метавонад барои муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкории илмӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва таҳияи пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати истифодаи технологияҳои рақамӣ дар рушди сайёҳии минтақаҳои кӯҳистонӣ мусоидат намояд.

Инчунин, дар заминаи Экспедитсияи илмию сайёҳии байналмилалӣ “Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон” дар ноҳияи Дарвоз мизи мудаввар доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати фарҳанги кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар меҳмонону иштирокчиёни Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иштирок намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, зеҳни сунъӣ ва мероси фарҳангӣ табодули афкор намуданд.

Ин лаҳзаҳо бошад, дар доираи барномаи Форум, меҳмонон дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳи иди “Меҳргон”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Дарвоз иштирок карда истодаанд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар