27 майи соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси муштараки байналмилалӣ бо иштироки намояндагони шарикони рушд аз Институти рушди иқтисодии минтақавӣ, Сурабия, Индонезия, Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории Ҳайдаробод, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Донишгоҳи Паннония, Веспрем, Ҷумҳурии Маҷористон ва Ассотсиатсияи муҳаққиқони сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Осиё, Деҳли, Ҳиндустон дар мавзуи “Тамоюлҳои муосири байналмилалишавӣ ва масъалаҳои таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ” баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур дар баробари иштироки меҳмонони хориҷӣ, инчунин олимони соҳаи иқтисодиёти кишвар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Конфронси мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад оғоз гардида, дар ҷаласаи ифтитоҳӣ профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фақеров Ҳ.Н., д.и.и., и.в. профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Комилов А.Қ., муовини сардори раёсати сармоягузории мустақими Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибов Д., профессори Институти рушди иқтисодии минтақавӣ, Сурабия, Индонезия, А. Мирдад, профессори Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории Ҳайдаробод, Ҳиндустон Гевинолла Махендер Редди, Президенти Ассотсиатсияи муҳаққиқони сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Осиё Сандип Кулшрешта ва магистранти Донишгоҳи Паннония, Веспрем, Ҷумҳурии Маҷористон Раҷабов З. Бо маърӯза баромад намуданд.
Қобили қайд аст, ки иштироки меҳмонон аз хориҷи кишвар ва намояндагони Филиалҳои Донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлону Суғд тариқи маҷозӣ таъмин карда шуд.
Пас, аз нисфирӯзӣ конфронс кори худро дар бахши алоҳида идома дода, мақолаҳои беҳтарин барои нашр дар маводи конфронс тавсия гардиданд.

Leave a Comment