НАҚШИ МАРКЕТИНГ ДАР РУШДИ СОҲИБКОРИИ МУОСИР

    Таҳти чунин унвон 1 апрели соли 2024 бо ташаббуси факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент ва кафедраи менеҷменти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
    Зимни сухани ифтитоҳии мизи мудаввар и.в. муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Зоирзода И.С. қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ маҳорат ва дониши амиқи иқтисодӣ, инчунин таҳлили дурусти бозор мебошад, ки асоси идоракунии онро менеҷмент ва маркетинг ташкил менамоянд. Соҳибкории муосирро бе маркетинги фаъол ва муассир тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо тағирёбии доимии муҳити бизнес ва рушди босуръати технология, маркетинг як ҷузъи ҷудонашавандаи стратегияи ҳар як корхонаи муваффақ арзёбӣ мегардад.
    Сипас, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Раҳматзода ва дотсенти кафедраи менеҷменти Донишгоҳ Разыков Б.Х. тибқи барнома вобаста ба мавзуи болозикр баромад намуданд.
       
   Дар музокироти чорабинии илмӣ омӯзгорони Донишгоҳ д.и.и., профессор Ҷамшедов М. ва д.и.и. Садриддинов М.И. андешаҳояшонро иброз доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *