ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДА ДАР ВМКБ АЗ ҶОНИБИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

    3 майи соли 2024 вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Маросими ҷоизасупории ғолибони Олимпиада аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
   Дар расми ифтитоҳи олимпиада роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ, раёсати маорифи вилоят ва хонандагону омӯзгорони МТМУ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
   Тибқи иттилои Комиссияи озмунӣ дар Олимпиадаи болозикр аз 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят 122 нафар хонандагон аз рӯи 9 фан математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ, география, забони русӣ, забони англисӣ ва ҳуқуқ бо ҳам сабқат намуданд. Ғолибон муайян ва барои ҷойи якум “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, дипломи дараҷаи 1, ҷойи дуюм дипломи дараҷаи 2 ва ҷойи сеюм дипломи дараҷаи 3 тақдим гардиданд. Ҳамзамон, ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 ҳавасмандиҳои молиявӣ расонида шуд.
    Барои 20 нафар иштирокчиёни фаъоли олимпиадаи мазкур “Ифтихорнома”-и раёсати Донишгоҳ тақдим гардид. Инчунин, барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, раёсати маориф ва Маркази рушди истеъдодҳои вилоят ва шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо “Сипоснома”-и Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
    Зимни баромади хеш муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Амирбекзода Ҳабибулло изҳори сипосу миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои амалисозии ташаббусу иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат махсусан дар самти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баён намуд.
   Муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои фароҳамсозии шароити мусоид баҳри баргузории Олимпиадаи болозикр сипосу миннатдории раёсати Донишгоҳро баён дошт. Қайд гардид, ки чунин намуди озмунҳо минбаъд низ аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
   Дар фарҷом чорабинӣ бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев табъи ҳозиринро болида гардонид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *