БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАТБИҚИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ ҶИҲАТИ ФАЪОЛГАРДОНИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР РАВАНДИ ТАҲСИЛОТ” (26.11.2024)

Баланд бардоштани сифати таҳсилот аз омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Новобаста аз мавҷудияти шароити мусоиди техникӣ ва таъмини ҷиҳозу маводи таълимӣ, истифодаи усулҳо ва воситаҳои муосири таълим низ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, аз ҷумла, фаъолгардонии донишҷӯён дар раванди таълим метавонанд мусоидати хуб намоянд. Дар ин замина бо ибтикори раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат семинари илмӣ-методӣ дар мавзуъи “Татбиқи усулҳои фаъоли таълим ҷиҳати фаъолгардонии донишҷӯён дар раванди таҳсилот” ташкил ва гузаронида шуд. Ёдовар бояд шуд, ки дар кори семинар мутахассис-мактабшинос, н.и.п., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ, Латофат Назирӣ даъват гардида, оид ба масъалаҳои тақвият бахшидан ба фаъолияти касбии омӯзгорон, амалӣ намудани методу усулҳои нави муосири таълим, истифодаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, омода намудани шаклҳои гуногуни презентатсияҳои мавзуъҳои дарсӣ, истифодаи васитаҳои аёнӣ ва ёрирасон дар раванди дарсҳо ва истифодаи дигар методу усулҳое, ки ҷиҳати фаъолгардонии донишҷӯён дар раванди таълим мусоидат менамоянд, ибрози андеша намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *