Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025, татбиқи муқаррароти Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби омӯзгорони хориҷӣ аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст.
Боиси хушнудист, ки дар ибтидои соли таҳсили 2025-2026 раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ифтихор тавассути барномаи “Fulbright” профессор Сюзан Слоуканро аз Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон (штати Вирҷиния, ИМА), ки яке аз мутахассисони маъруф дар соҳаи таҳсилоти байналмилалӣ ва сайёҳиву рушди устувор аст, истиқбол менамояд.
3 октябри соли 2025 ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Асрорзода профессор Сюзан Слоуканро ба ҳузур пазируфта, дар рафти мулоқот ҳамкориҳои илмӣ ва таълимии байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсонро мавриди муҳокима қарор дод. Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки чунин ташрифҳо тариқи барномаи “Fulbright” заминаи устувори ҳамкориҳои минбаъдаро дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи усулҳои муосири таълиму таҳқиқот фароҳам меоранд.
Профессор Сюзан Слоукан зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ ва фарҳангии нодир аст ва ҳамгироии донишҳои илмӣ бо таҷрибаи байналмилалӣ метавонад дар рушди сайёҳии устувор ва соҳибкорӣ нақши муҳим бозад. Ӯ омодагии худро барои баргузор намудани семинарҳо, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва мусоидат ба табодули омӯзгорону донишҷӯён иброз дошт.
Ҳамин тавр, дар доираи барномаи табодули академӣ профессор Слоукан силсиламашғулиятҳои лексионӣ ва дарсҳои амалиро барои донишҷӯёни донишгоҳ баргузор мекунад, ки дар онҳо таҷрибаи пешрафтаи амрикоӣ, усулҳои инноватсионии таълим ва равишҳои муосири рушди тафаккури соҳибкориро дар соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор менамояд.
Иқдоми мазкур қадами муҳими дигаре дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва пешбурди нуфузи донишгоҳ дар ақсои байналмилалӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни мо аз дониш ва таҷрибаи беҳтарин мутахассисони хориҷӣ баҳра мебаранд!



 
			







