ТАШРИФИ РАИСИ ШАҲРИ ШЕРОЗ БА ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

14 августи соли 2026 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода бо Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Ҳасан Асадӣ, ки бо ҳайати ҳамроҳон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот ректори Донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Саттор ҷаноби Муҳаммад Ҳасан Асадӣ ва ҳайати ҳамроҳон Ҳодӣ Шоҳдӯст Шерозӣ – муовини раиси шаҳри Шероз оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва рушди захираҳои инсонӣ, Ҳусейн Тадайюнинажод – раиси ноҳияи панҷуми шаҳри Шероз ва Ҳошим Мазоҳеризода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии шаҳри Шерозро ба муассиса самимона хайрамақдам гуфта, ташрифи онҳоро омили муҳими таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои маориф ва илм, сайёҳӣ, соҳибкорӣ, технологияҳои рақамӣ, табодули академӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба роҳандозии робитаҳои мустақими Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию таҳқиқотии шаҳри Шероз, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва баргузории чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ зоҳир гардид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо имкониятҳои истифодаи иқтидори илмӣ ва таълимии Донишгоҳро дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва татбиқи ташаббусҳои муштараки инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳои мустақим, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки барои ҳарду ҷониб судманд изҳор намуданд.

Дар баробари ин, меҳмонон аз пойгоҳи моддию техникӣ ва имкониятҳои муосири таълимию илмии Донишгоҳ, аз ҷумла шароитҳои мавҷуда барои омода намудани кадрҳои баландихтисос дидан намуда, ба сатҳи инфрасохтор, раванди таълим ва имкониятҳои ҷойдошта баҳои баланд доданд.

Comments are closed.